Президент: “Нигоҳдории ҷараёни мусбии муносибатҳо муҳим аст”

Asia-Plus

Зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзи 29 сентябр дар Душанбе ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи онҳо баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.

Президенти Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро қайд карда, аз ҷумла вохӯриҳову чорабиниҳои муштараки ҷонибҳоро, ки вақтҳои охир дар асоси тавофуқоти роҳбарони ду кишвар баргузор шуданл, таъкид дошт, аз ҷумла:

– Ҳайати намояндагии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони парлумони Тоҷикистон мулоқот кард;

– Конфронси муштараки илмию амалӣ ва дар Душанбе мулоқоти намояндагони зиёиёни эҷодкори ду кишвар баргузор гардид;

– Ҳайати Ӯзбекистони дӯст дар таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ширкат варзид;

– Муассисаи таълимии умумӣ дар минтақаи Спитамени Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шудааст, ба истифода дода шуд;

– Бо иштироки сарвазирони кишварҳо корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон “Artel Avesto Electronics” ифтитоҳ ёфт.

“Ин ва дигар рӯйдодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишварҳои мо, сарфи назар аз ҳама мушкилоти объективии замон, тавонистанд ҷараёни мусбии муносибатҳояшонро нигоҳ доранд”, – таъкид шуд зимни мулоқот.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавирус, Пешвои миллат аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони ӯзбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намуд.

Гуфта мешавад, бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.

Дар ин росто, ҷонибҳо инчунин дар бораи аҳамияти минбаъд низ гуногуннавъ гардонидани сохтори тиҷорат ва рафъи монеаҳои техникӣ дар соҳаи тиҷорат, идомаи корҳо оид ба ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ, намояндагиҳо ва филиалҳои ширкатҳои тарафҳо дар қаламрави якдигар, пурратар истифода бурдани иқтидори назарраси ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар сӯҳбат карданд.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...