Марде дар Конибодом сӯи ҳамсояҳои занаш тирпарронӣ кард

Asia-Plus

Кормандони милитсия як марди сокини шаҳри Конибодомро ба гумони суиқасд ба куштор  боздошт намуданд. Ин мард сӯи ҳамсояҳои ҳамсараш бетартибона тирпарронӣ кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр ҷавони 24-солаи сокини Конибодом дар ҳолати мастӣ бо баҳонаи бозпас овардани ҳамсараш, ҷавонзани 23-сола ба хонаи истиқоматии падарарӯсаш рафта, аз ҳиссиёти авбошӣ бо падарарӯсаш ва аъзоёни оила суханҳои қабеҳ гуфта, бо сими оҳанин шишаи дари даромадгоҳ, тиреза ва телефони мобилии номбурдаро шикастааст.

“Баъдан ӯ ба хонаи истиқоматиаш рафта, бо силоҳи оташфишонии тамғаи «Тула», (ки санаи 04.11.с.2019 барои истифода бурдан, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштан рухсатнома дода шудааст) мусаллаҳ гашта, дар хонаи хоби худ 1-маротиба ба тарафи дари баромадгоҳ парронида, сипас, ба кӯча баромада, ба тарафи ҳавлиҳо кӯчаи Ҳолматов рафтааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамсоягонаш ҷавонони 18, 24 ва мардони 28, 31-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Пулотони ҳамин шаҳр овози тирро шунида, аз хонаҳои истиқоматиашон ба кӯча мебароянд ва гумонбаршаванда аз ҳиссиёти авбошӣ якчанд маротиба ба тарафи онҳо тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 237, қ 3 (Авбошӣ бо истифода аз силоҳ), 32 (Суиқасд ба ҷиноят) ва 104, қ.2 (Суиқасд ба одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...