Мудирони шуъбаи маорифро дигар раисони шаҳру ноҳияҳо таъин намекунанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 1 октябр тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонунҳо “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “Дар бораи маориф” дастгирӣ намуд.

Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд мудирони маорифи вилоят ва шаҳру навоҳии кишварро на раисони ҳукумати маҳаллӣ, балки вазири маориф таъин мекунад.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири маориф ва илми Тоҷикитсон Муҳаммаддовуд Саломиён изҳор дошт, ки зимни таъини мудирони раёсат ва шуъбаҳои маориф Вазорат номзадҳоро бо раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ мувофиқа месозад.

Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2014 таъини мудирони шуъбаи маориф ба дӯши раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ вогузор гардида буд.

“Ин таҷриба муваффақ нашуд: дар 26 шаҳру ноҳияҳо (28,2%) ба вазифаи мудирони шуъбаи маориф шахсоне таъин шуданд, ки аз низоми маориф хеле дур буданд. Тағйирот ба қонунҳо “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “Дар бораи маориф” ба беҳбуди вазъ ва тақвияти мубориза бо коррпусия дар соҳаи маориф равона шудаанд”, – қайд кард М.Салоҳиён.

Вакил Саидҷаъфар Усмонзода дар навбати худ изҳор дошт, ки ин тағйирот, яъне аз ҷониби вазорат таъиншудани мудирони раёсату шуъбаҳои маориф, баръакс, метавонад ба афзоиши коррпусия дар ин соҳа боис гардад.

“Маҳдуд кардани ваколати раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ ба он оварда мерасонад, ки онҳо ба як маъмур (администратор)-и одӣ табдил меёбанд. Роҳбарони маҳаллӣ номзадҳо ба ин ё он мансабро хубтар медонанд. Шахсан ман бар ин назарам, ки барои мудири шуъбаи маорифи шаҳр ё ноҳия доштани маълумоти омӯзгорӣ шарт нест, ӯ бояд сифату малакаҳои дигар, аз ҷумла қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад”, – изҳор дошт Усмонзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.