Парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Истамбул барқарор шуданд

Парвозҳо миёни Душанбеву Истамбул сар аз 8-уми октябр барқарор мешаванд ва ҳафтае ду бор сурат мегиранд. Ин тасмимро мақомоти тоҷик дар чанд рӯзи пеш гирифтаанд ва минбаъд парвозҳои муқаррарӣ анҷом дода хоҳанд шуд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз  оҷонсии "Авиатсияи гражданӣ" хабар доданд. Парвозҳо дар як ҳафта ду бор дар масири Душанбе-Стамбул-Душанбе анҷом мешаванд, ки рӯзи душанбеи […]

Asia-Plus

Парвозҳо миёни Душанбеву Истамбул сар аз 8-уми октябр барқарор мешаванд ва ҳафтае ду бор сурат мегиранд. Ин тасмимро мақомоти тоҷик дар чанд рӯзи пеш гирифтаанд ва минбаъд парвозҳои муқаррарӣ анҷом дода хоҳанд шуд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз  оҷонсии "Авиатсияи гражданӣ" хабар доданд.

Парвозҳо дар як ҳафта ду бор дар масири Душанбе-Стамбул-Душанбе анҷом мешаванд, ки рӯзи душанбеи ҳафта ширкати туркӣ ва рӯзи чаҳоршанбе ширкати “Сомон Эйр” мусофиронро ҳамлу нақл хоҳанд кард.

Ширкати "Сомон Эйр" қарор аст рӯзи 8-уми октябр нахустин парвози муқаррарии худро анҷом диҳад ва ин парвоз аллакай шомили низоми парвозҳо шудааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба ширкати "Turkish Airlines" ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳоло нархи билетҳо ҳанӯз ниҳоӣ нашудаст ва ҳамчунин ҷадвали парвозҳо комилан дақиқи нашудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ рӯзи душанбе ҳам нархи билет ва ҳам ҷадвали парвозҳо ниҳоӣ хоҳад шуд.

 

Баъди ҳамагирии коронавируси COVID 19 парвозҳои мустақим минёи Душанбеву Истамбул қатъ шуда буданд ва мақомоти тоҷик чандин парвози чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ карда буд. Ҳамаи ин парвозҳоро ширкати “Сомон Эйр” анҷом дода буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.