Сарони кишварҳои хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмонро табрик мегӯянд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар робита ба пирӯзӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарони кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон ва Беларус табрику таҳният гуфтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмонро дар назди мардуми сарбаланди Тоҷикистон таъкид кард.

Шавкат Мирзиёев Пешвои миллатро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю бародарона табрик гуфта, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти равобити  дустӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки  пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд, ба таври хосса таъкид намуд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев саҳми бузурги Пешвои миллатро дар таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ба таври хосса таъкид кард.

Ӯ бо камоли хоҳиш аз Пешвои миллат даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳанд. Замони сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Тоҷикистон табрику муборакбодӣ гуфт.

Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти президенти Русия, дар барқияи табрикотии Владимир Путин зикр мегардад, ки  натиҷаҳои овоздиҳӣ “комилона нуфузи баланди сиёсӣ, дастгирии умумимардумии сиёсати ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон равонагардида ва таҳкими мавқеъҳо байнулмилалии кишварро тасдиқ намуданд”.

“Ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, омодагии худро ба густариши маҷмӯи робитаҳои дуҷониба баҳри некӯаҳволии мардуми ҳар ду кишвар, манфиатҳои таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ изҳор медорем”, – омадааст дар барқияи президенти Русия.

Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ низ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуда, изҳори итминон кард, ки ба хотири умумияти таърихиву ду халқи бародар дар давраи нав муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баҳри таъмини манфиатҳои умумӣ ва таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр доир гардида, тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот, дар он Эмомалӣ Раҳмон ба дарёфти 90,92%-и раъйи интихобкунандагон даст ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...