Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр бо гузашти низомӣ савганд ёд мекунад

Муаллиф: Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Қарор аст, 30-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон баъди дигарбора интихоб шудан ба мақоми Президенти Тоҷикистон савганд ёд кунад. Ҳарчанд дар бораи рӯзи дақиқи маросими савгандёдкунии президент ҳеч манбаъи расмие то кунун хабар надодааст, вале пештар бархе манбаъҳои наздик ба Ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки маросими савгандёдкунии президент то охири моҳи октябр баргузор мегардад.

Ба иттилои ин манбаъ дар ин маросим гузашти низомӣ сурат мегирад ва маросим дар Кохи Сомону Қасри Миллат баргузор мешавад.

Мувофиқи Конститутсия (Қонуни Асосӣ)-и Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон баъди интихоб шудан дар ҷаласаи муштараки Маҷлисҳои намояндагон ва миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадтоҳир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қарори ҷаласаи  якҷояи сеюми  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз содир кардааст, ки соати 09.00 30-юми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Интизор меравад дар ин ҷаласаи муштарак Эмомалӣ Раҳмон ба унвони пирӯзи интихоботи 11-уми октябр савганд ёд кунад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президенти Тоҷикистон ба “Азия плюс” гуфт ҳоло рӯзи дақиқи маросими савгандёкунӣ дақиқ нест. Ҷаноби Шарифзода ҳамчунин гуфт, шояд ба далели ҳамагирии коронавируси COVID 19 меҳмонон аз хориҷ даъват нашаванд.

Расми адои савганд ё инаугуратсияи прездент Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006 низ бидуни ширкати сарони давлатҳои хориҷӣ баргузор шуда буд. Инчунин  дар соли 1999,  зимни Эмомалӣ Раҳмон савганди дувуми президентиашро адо мекард, дар ин маросим меҳмонони воломақом аз кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштанд. Аз  ҷумла Владимир Путин – нахуствазири вақти Русия – ширкат ва суханронӣ карда буд.

Аммо   дар маросими 2013  Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки адои савганди Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа "нисбатан хоксорона" доир хоҳад шуд. Ҳамон таврам шуд.

Ёдовар мешавем ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон элон кард, ки ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 90,92% интихобкунандагон ё худ 3 млн 853 ҳазору 987 нафар овоз додаанд. Овозҳои боқимондаи “тарафдор” байни дигар номзадҳо тариқи зайл тақсим шуд:

Мироҷ Абдуллоев – 1,17% (49 535 нафар);

Абдуҳалим Ғаффорзода – 1,49% (63 082 нафар);

Рустам Раҳматзода – 2,14% (90 918 нафар);

Рустам Латифзода – 3,02% (128 182 нафар).

Дар қарори КМИР қайд мешавад, ки интихобот бо иштироки 4 млн 238 ҳазору 839 интихобкунанда, ки 85,44% шумораи умумии интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилкардашударо ташкил медиҳад, баргузоршуда дониста шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.