Фавти шумори рекордии беморон дар Русия аз Covid-19

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 286 нафар беморони аз коронавирус сироятёфта фавтиданд, ки нишондиҳандаи рекордӣ дар тамоми замони пандемия аст. Тавре ВВС хабар медиҳад, дар ҳошияи афзоиши шумори сироятёфтагон аз Covid-19 ҳукумати ин кишвар изҳор мекунад, ки тарабхонаву мағозаҳо алҳол метавонанд бо реҷаи муқаррарӣ кор кунанд, инчунин марҳилаи нави барномаи имтиёзнок (кэшбэк) дар бахши сайёҳиро роҳандозӣ […]

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 286 нафар беморони аз коронавирус сироятёфта фавтиданд, ки нишондиҳандаи рекордӣ дар тамоми замони пандемия аст.

Тавре ВВС хабар медиҳад, дар ҳошияи афзоиши шумори сироятёфтагон аз Covid-19 ҳукумати ин кишвар изҳор мекунад, ки тарабхонаву мағозаҳо алҳол метавонанд бо реҷаи муқаррарӣ кор кунанд, инчунин марҳилаи нави барномаи имтиёзнок (кэшбэк) дар бахши сайёҳиро роҳандозӣ мекунанд.

Дар ин шабонарӯз дар Русия шумори рекордии фавт аз Covid-19 – 286 нафар сабт шуд. Рекорди аввал ду рӯз пеш, 13 октябр гузошта шуда, дар ин рӯз ситод дар бораи фавти 244 нафар хабар дод.

Чанде пеш афзоиши шабонарӯзии сироятёфтагон аз коронавирус 14 ҳазору 231 ҳолатро ташкил дод, ки бори нахуст беш за 14 ҳазор нафар аст. Моҳи сентябр афзоиши шумори шабонарӯзӣ аз 5 то 10 ҳазор, рӯзи 9 октябр – ба беш аз 12 ҳазор ва рӯзи якшанбе – ба зиёда аз 13 ҳазор кас расид.

Дар Русия аз замони оғози пандемия ҳамагӣ 1 млн 354 ҳазору 163 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, 1 млн 048 ҳазору 097 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ 23 ҳазору 491 нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.