Аз Русия ба Тоҷикистон боз 50 омӯзгори рус оварданд

Имрӯз боз 50 омӯзгори дигар аз Русия барои тадриси хонандаҳои тоҷик ба Тоҷикистон омаданд. Ин омӯзгорон дар 22 мактаби Тоҷикистон аз фанҳои гуногун дарс хоҳанд гуфт. Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, ин омӯзгорон дар  22 мактаб, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Спитамен ва дигар шаҳракҳои ҷумҳурӣ бо забони русӣ ба хонандагон […]

Имрӯз боз 50 омӯзгори дигар аз Русия барои тадриси хонандаҳои тоҷик ба Тоҷикистон омаданд. Ин омӯзгорон дар 22 мактаби Тоҷикистон аз фанҳои гуногун дарс хоҳанд гуфт.

Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, ин омӯзгорон дар  22 мактаб, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Спитамен ва дигар шаҳракҳои ҷумҳурӣ бо забони русӣ ба хонандагон дарс хоҳанд дод ва ба ҳамкасбони тоҷики худ ёрии методӣ мерасонанд.

Гуфта мешавад, ки омӯзгорон дар соли таҳсили ҷорӣ дар доираи лоиҳаи башардӯстона, ки таҳти сарпарастии Шӯрои Федеролии Маҷлиси Федеролии Русия ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, кор хоҳанд кард.

Лоиҳаи башардӯстона барои таъмини кори омӯзгорони фанҳои русӣ дар мактабҳо аз ҷониби Вазорати маорифи Русия дар Тоҷикистон аз соли 2017 амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қарори роҳандозии лоиҳаи эъзоми омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон соли 2017 дар сатҳи сарони ҳарду кишварҳо – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд.

Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки омӯзгорони Русияро дар Тоҷикистон бо манзили ройгон, маоши кофӣ ва инчунин ҷубронпулӣ барои хароҷоти сафари ҳавоӣ таъмин намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.