Даргузашти адабиётшиноси маъруфи тоҷик Юсуф Акбарзода

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Юсуф Акбарзода рӯзи 15 октябр дар синни 82-солагӣ  дар манзилаш даргузаштааст. Дар ин бора пайвандони академик Акбарзода хабар додаанд.

Ба гуфтаи наздикони адабиётшинос ӯ вақтҳои ахир аз бемории пой азият кашида, бистарӣ буд.

Юсуфи Акбарзода 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1953 мактаби ҳафтсолаи деҳа, соли 1956 мактаби миёнаи деҳаи Ғӯсарро хатм кардааст. Ӯ хатмкардам факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд буда, солҳо бо ҳайси корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ шудааст.

Ӯ солҳои 1963—1964 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Як мудат дар  солҳои 1966—1968 муҳаққиқи коромӯзи Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкийи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият намудааст.

Инчунин Юсуф Акбарзода мудати 3 сол дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кор кардааст. Баъдан фаъолияташро дар пажӯҳишгоҳи мазкур идома бахшидааст. Аз апрели 1991 то майи 1994 ходими калони илмӣ, аз соли 1995 ходими пешбари илмии Кумитаи истилоҳоти АИ ҷумҳурӣ будааст. Ҳамзамон, аз марти 2000, ноиби раис, аз сентябри 2006 то майи 2010 раиси Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ, аз июли 2008 то барҳам хӯрданаш (2012) раиси Бунёди Оли Сомон будааст. Сармуҳаррири маҷаллаи илмии Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ «Варорӯд» (2004) буда, дар авроқи он силсилаи осори устодони донишкадаи мазкур ва навиштаҷоти баъзе журналистони ҷумҳурӣ таҳти таҳрири ӯ мунташир гардидаанд. Соли 1973 дар мавзӯи «Достони лирикӣ дар назми имрӯзаи тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Юсуф Акбарзода яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти советии тоҷик  Инкишофи жанрҳо» (иборат аз шаш ҷилд) мебошад, ки қисмати ба ӯ тааллуқдошта таҳти унвони «Шеъри тоҷикии нимаи дувуми садаи бист» (2011) ба дасти чоп расидааст.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” даргузашти ин донишманди варзидаи соҳаи адабиётишиносии тоҷикро талафоти ҷуброннопазире барои илми тоҷик медонад ва ба хонаводаи эшон, наздикону пайвандонаш дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.