Мусобиқаи чемпионати футзали Осиё соли оянда доир мегардад

Даври финалии мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё, ки бояд аз 2 то 13 декабри соли равон дар Кувейт доир мегардид, ба соли дигар гузаронида шуд. Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯзи 15 октябр федератсияҳои миллиии футболро, ки дастаҳои мунтахабашон ба ин мусобиқа роҳ ёфта буданд, дар ин бора огоҳ кардааст. “Бо назардошти авҷи пандемияи Covid-19 дар Кувейт, […]

Даври финалии мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё, ки бояд аз 2 то 13 декабри соли равон дар Кувейт доир мегардид, ба соли дигар гузаронида шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯзи 15 октябр федератсияҳои миллиии футболро, ки дастаҳои мунтахабашон ба ин мусобиқа роҳ ёфта буданд, дар ин бора огоҳ кардааст.

“Бо назардошти авҷи пандемияи Covid-19 дар Кувейт, инобати бехатариву солимии дастаҳои иштироккунанда ва ҷонибҳои манфиатдор, КФО пас аз баррасии масъала бо ҳамаи тарафҳои дахлдор тасмим гирифт, ки мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё ба моҳҳои март-апрели соли 2021 гузаронида шавад”, – омадааст дар ҳуҷҷати расмии КФО.

Ёдрас мекунем, ки дар Чемпионати футзали Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон рақобат мекунад.

Панҷ дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионати Осиё ба Чемпиоанти футзали ҷаҳон, ки соли оянда дар Литва баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.