Тоҷикистон аз ҳисоби содироти фулузоти қиматбаҳо касри савдои дуҷонибаро кам кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми 9 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 3,4 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8,3% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Касри муомилоти савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) андаке бештар аз 1 млрд долларро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин фарқият ба зиёда аз 1,7 млрд доллар баробар буд.

Ҳаҷми содирот давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ба зиёда аз 1,2 млрд доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 54,8% (420 млн доллар) бештар мебошад.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон – сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан, ангишт, неруи барқ), мавод ва маснуоти нассоҷӣ, фулузоти арзон ва маснуот аз он ба Швейтсария, Туркия ва Қазоқистон содирот шуд.

Ҳаҷми воридот тӯли 9 моҳ зиёда аз 2,2 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6% (158 млн доллар) камтар мебошад.

Ба Тоҷикистон имсол асосан аз Русия, Қазоқистон ва Чин маҳсулоти минералӣ, маҳсулоти саноати кимиё, маҳсулоти тайёри ғизоӣ, фулузоти арзон ва маснуот аз он, маҳсулоти растанӣ ва ғайра ворид карда шуданд.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (савдои дуҷониба – $721 млн), Швейтсария ($693 млн), Қазоқистон ($634 млн), Чин ($342 млн), Ӯзбекистон ($242 млн) ва Туркия ($235 млн) дониста шудаанд.

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо 108 кишвари саросари ҷаҳон муомилоти савдо анҷом дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.