Эмомалӣ Раҳмон: Содиқ Ҳидоят абераи Камоли Хуҷандист

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки Содиқ Ҳидоят нависанди варзида, яке аз равшанфикрони пештози Эрон ва Ризоқулихони Ҳидоят шоир, нависанда ва тазкиранависи даврони Қочориёни Эрон аз аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ ба далелҳои дар Табрез сукунат ихтиёр кардани Камоли Хуҷандӣ ишора карда, яке аз […]

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки Содиқ Ҳидоят нависанди варзида, яке аз равшанфикрони пештози Эрон ва Ризоқулихони Ҳидоят шоир, нависанда ва тазкиранависи даврони Қочориёни Эрон аз аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ ба далелҳои дар Табрез сукунат ихтиёр кардани Камоли Хуҷандӣ ишора карда, яке аз далелҳои боқӣ мондани Камолро дар Табрез аҳолии бештари шаҳрро ташкил додани тоҷикон номид. Президенти Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ки "Таърихнависи бузурги ҳамасри Камоли Хуҷандӣ – Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ, ки бештар дар Табрез умр ба сар бурдаасту шоҳиди ҳол будааст, дар яке аз рисолаҳои худ чунин хабар медиҳад: — “Аксари мардуми бумии Табрез тоҷиконанд”.

Бино ба ишораи Эмомалӣ Раҳмон "яъне Камол он ҷо дар байни ҳамқавмон ва дар иҳотаи муҳити забони модарии худ қарор дошт ва бо хурду бузург дар муошират буд".

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханрониш ҳамчунин гуфт, ки Камол дар ин шаҳр издивоҷ карда чанд фарзанд ҳам доштааст: "Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад ва ишораҳои шахсӣ донишмандону адибони маъруф Ризоқулихони Ҳидоят ва Содиқ Ҳидоят аз ҷумлаи аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд",-гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз Камоли Хуҷандӣ ба унвони шоире ном бурд, ки "дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Табрез ҳамчун донишманди бузург ва шоири тавоно шуҳрат пайдо карда, ҳамзамононаш ӯро бо сифатҳои «саромади рӯзгор», «марҷаи хосу ом» ва «сархайли акобири айём» тавсиф кардаанд. Вай дар замони зиндагии худ соҳиби эътибору обрӯи баланд гардида, муриду шогирдони зиёд доштааст. Ҳатто навиштаанд, ки Камол сарварии доираи адабии Табрезро низ ба уҳда доштааст".

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ далели "эътибори баланд Камоли Хуҷандӣ"-ро  дар "шоири озодманиш, соҳиби истиқлоли фикриву эҷодӣ ва шахси сарбаланду боғурур будаан" донист.

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст ва адар адабиёти форсу тоҷик яке аз ғазалсароёни бузург эътироф шудааст. Имсол бо қарори ЮНЕСКО – Кумитаи илму фарҳанги СММ 700-солагии эшон ҷашн гирифта мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/tajikistan/society/20201015/safari-prezident-bastashavii-3-rzai-baze-roo-dar-huand

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.