Tcell дар Мӯъминобод барои ҷавонон дарсҳои таълимӣ оғоз кард

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell дар дафтари минтақавии худ, ки чанде қабл дар Мӯъминобод ифтитоҳ шуда буд, барои ҷавонон дарсҳои таълимӣ ва давраҳои бозомӯзиро оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир дар ин марказ аллакай курсҳои компютерӣ, курсҳои омӯзиши забони англисӣ, китобхонаи электронӣ ва маҳфили фаъолият доранд.  Tcell ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи […]

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell дар дафтари минтақавии худ, ки чанде қабл дар Мӯъминобод ифтитоҳ шуда буд, барои ҷавонон дарсҳои таълимӣ ва давраҳои бозомӯзиро оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир дар ин марказ аллакай курсҳои компютерӣ, курсҳои омӯзиши забони англисӣ, китобхонаи электронӣ ва маҳфили фаъолият доранд. 

Tcell ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, дар ин росто сармоягузорӣ мекунад ва имкониятҳои ҷадидро барои худомӯзиву фарогирии малакаҳои нав муҳайё месозад.  

Дар дафтари марказии Tcell дар Мӯъминобод маҷмааи таълимӣ ҷойгир аст. Он аллакай барои даҳҳо ҷавон курсҳои омӯзиши роёнаро оғоз кардааст. Инчунин, дар ин ҷо курсҳои забони англисӣ ифтитоҳ шуда, дари китобхонаи электронӣ дар бинои маъмурӣ барои ҳама боз аст.

Дар ҳудуди бино ва боғи нави истироҳатии шафати маркази хизматрасонӣ, Tcell барои роҳати донишҷӯён ва мактаббачагоне, ки дар давраҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, дастрасии ройгон ба интернети Wi-Fi-и ширкатро фароҳам овард.

Дар ошёнаи дуюми бино мактаби рассомӣ ҷойгир аст, ки дар он ҷавонони Мӯъминобод аз мусаввирони машҳури кишвар дарс гирифта, дар навбати худ рассомони касбӣ барои хоҳишмандон мастер-класс мегузаронанд.

Дар ошёнаи якуми бино, маркази хизматрасонии минтақавӣ ҷойгир буда, барои муштариёни ширкати Tcell ҳама намуди хизматрасониро пешниҳод месозад.

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.