Омӯзгорони аз Русия омада ба мактабҳо тақсим шуданд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Чанде пеш 50 нафар омӯзгорони русиягӣ ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо дар 22 мактаби воқеъ дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Спитамен, Ашт, Ҳисор ва ғайра аз фанҳо бо забони русӣ дарс мегӯянд.

Байни омӯзгороне, ки ба Тоҷикистон омаданд, 6 нафарашон омӯзгорони нав мебошанд, ки бори нахуст ба кишвари мо сафар мекунанд. Онҳо аз фанҳои адабиёти рус, кимиё, физика, математика, таърих ва ғайра дарс хоҳанд гуфт.

Муаллимон аллакай ба минтақаву мактабҳо тақсим шуда, бархе ба фаъолият пардохтаанд. Боқимонда омӯзгорон (ба ҷуз 6 нафар) соли гузашта ба Тоҷикитсон омада, тасмим гирифтаанд, ки боз бармегарданд.

Ба ин тариқ, 5 омӯзгор ба ноҳияи Спитамен, 2 омӯзгор – ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд, боз 2 нафар – ба Ҳисор ва дигарон ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ фиристода шуданд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов дар мавриди ин масъала суҳбат орост.

“Мо худро ситораҳо ҳис мекунем”

“Дар мактабҳо омӯзгоронро хеле хуб пешвоз гирифта, барои зисти онҳо шароити мусоид фароҳам оварданианд, – мегӯяд ӯ. – Вақте ягон мушкил пеш ояд, ҳамроҳ ҳал мекунем. Меҳмоннавозиро махсус мебояд қайд кард. Аксари муаллимоне, ки бори аввал омадаанд, албатта, чунин истиқболу таваҷҷуҳро интизорӣ надоштанд. Онҳо баъзан ба ман мегӯянд: “Мо худро мисли кайҳоннавардон ҳис мекунем. Бахусус вақте ки дар даромадгоҳи мактаб моро бо байрақчаҳо пешвоз мегиранд, худро чун ситораҳо ҳис мекунем”.

Ба гуфтаи Иван Иванов, омӯзгорон аз минтақаҳои гуногуни Русия омада, як сол қарордод бастаанд ва имкон доранд, ки муҳлати онро дароз кунанд.

Дар мавриди пардохти музди меҳнати онҳо Иванов изҳор дошт, ки ин маълумоти махфӣ мебошад.

“Қисмате аз маоши омӯзгорон аз Русия ба корташон гузаронида шуда, қисмати дигар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пардохт мешавад, – қайд кард Иванов. – Қисмати маоше, ки Тоҷикистон ба онҳо пардохт мекунад, ба сатҳи маоши омӯзгорони тоҷик баробар аст. Ин ҷо ҳамааш боадолат аст”.

Омӯзгорон тибқи барномаи Русия таълим медиҳанд

Роҳбари Россотрудничество зикр кард, ки омӯзгорон танҳо мувофиқи барномаи таълимии Руия дарс медиҳанд.

“Онҳо дар ҳамдастӣ бо ҳар кадоме аз мактабҳо нақшаи таълимро баррасӣ хоҳанд кард. Барномаи таълимӣ ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар Русия бештар ба низоми шӯравӣ асос ёфтааст, аз ин рӯ, байни онҳо фарқияти зиёде дида намешавад”.

Тавсеъаи лоиҳа ба Тоҷикистон вобаста аст

Иванов изҳор дошт, ки густариши барнома ба ҷониби Тоҷикистон вобаста буда, агар Тоҷикистон ба фароҳам сохтани шароит изҳори омодагӣ намояд, боз омӯзгорон ба Русия фиристода мешаванд.

“Ҷониби Русия бидуни мушкилот шумори омӯзгоронро зиёд карда метавонад, – мегӯяд ӯ. – Лекин мактабҳо зимни пешниҳоди дархост бояд масъалаҳои таъмини омӯзгорон  бо маошу манзил, пардохти роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоиро ба инобат гиранд, ки на ҳамаи онҳо аз уҳдаи он мебароянд”.

Ғайр аз ин, зикр кард номбурда, “боз як қатор маҷмӯи тадбирҳои зарурӣ вуҷуд дорад, ки дархости додаи мактаб тариқи Вазорати маорифи Тоҷикистон аз ҷониби Русия маъқул дониста шавад”.

Дар бораи лоиҳа

Лоиҳаи башардӯстона барои таъмини кори омӯзгорони фанҳои русӣ дар мактабҳо аз ҷониби Вазорати маорифи Русия дар Тоҷикистон аз соли 2017 таҳти сарпарастии Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қарори роҳандозии лоиҳаи эъзоми омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон соли 2017 дар сатҳи сарони ҳарду кишварҳо – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд. Соли хониши 2017/2018 Русия ба Тоҷикистон 29 омӯзгор фиристода буд.

Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки омӯзгорони Русияро дар Тоҷикистон бо манзили ройгон, маоши кофӣ ва инчунин ҷубронпулӣ барои хароҷоти сафари ҳавоӣ таъмин намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.