Маҳаллаи 82: нигаронии сокинон аз дарахтбурӣ барои баландошёнаҳо

Сокинони маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе аз бинокороне, ки майдонро гирифта, барои сохтмони бинои баландошёна дарахтони онро буриданианд, шикоят доранд. Мактуби онҳо, ки аз номи 237 нафар сокинони хонаҳои 63,65,67,69,73/3 дар кӯчаи Н.Махсум имзо шудааст, ба дасти “Азия-Плюс” расид. Бино ба маълумоти онҳо, ин ширкат “Фарҳод Ваҳдат” буда, раҳбарияташ аз вохӯрӣ ва робита бо сокинон даст […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сокинони маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе аз бинокороне, ки майдонро гирифта, барои сохтмони бинои баландошёна дарахтони онро буриданианд, шикоят доранд. Мактуби онҳо, ки аз номи 237 нафар сокинони хонаҳои 63,65,67,69,73/3 дар кӯчаи Н.Махсум имзо шудааст, ба дасти “Азия-Плюс” расид.

Бино ба маълумоти онҳо, ин ширкат “Фарҳод Ваҳдат” буда, раҳбарияташ аз вохӯрӣ ва робита бо сокинон даст мекашад ва танҳо изҳор медорад, ки қитъаи замин бо қарори ҳукумати Душанбе ба онҳо тааллуқ дорад.

Айни замон гирду атрофи майдон панҷара гирифта шуда, касеро ба дохили он даромадан намемонанд. Дар ҷойи сохтмон ягон аломат ё овезае нест, ки киву чӣ сохтанаш маълум бошад.

Сокинон бинокоронро бо он айбдор мекунанд, ки муроҷиати раиси шаҳри Душанберо дар бораи сабзгардонии пойтахт, дарахтшинонӣ назди хонаҳо ва нигоҳубини онҳо нодида мегиранд.

“Иқдоми раиси шаҳр ба баъзе соҳибкорон маъқул нашуд, – мегӯянд сокинон. – Онҳо ба хотири афзудани сарвати худ сабзгардонии кӯчаҳову майдонҳои назди хонаҳоро дастгирӣ намекунанд”.

Ба қавли онҳо, дар кӯчаи Махсум назди хонаҳои 63,65,67,69, 73/3 қитъаҳои сабзпӯш бо дарахтони чандинсола вуҷуд дорад. Дар ин қитъа сохтмони майдони варзишиву солимӣ ва бозиҳо барои кӯдакон пешбинӣ шуда буд.

Сокинон бар ин назаранд, ки сохтмони бинои баландошёна дар наздиии хонаҳои онҳо ба меъёрҳои одии шаҳрсозӣ ва экология созгор нест.

Сокинони ин хонаҳо ният доранд, ки бо талаби қатъи сохтмон ба ҳукумат ва мақомоти суд муроҷиат кунанд.

Яке аз сокинони ин хонаҳо Ирина шикоят мекунад, ки акнун дигар ҷойи бозӣ ҳам несту бо пиёдагард ҳам роҳ рафтан ғайриимкон аст. “Агар шабу рӯз техника ва кранҳо бе таъмини бехатарӣ кор кунанд, шахсро тарсу воҳима фаро мегирад”, – шикоят мекунад ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.