Нафақахӯрон ба ҷойи 15% афзоиши иловапулӣ 10% гирифтанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нафақахӯрони Тоҷикистон 15% афзоиши иловапулиро ба нафақаҳои худ мувофиқи фармони президент аз 4 август нагирифтанд. Миқдори ками онҳо ҳамагӣ 10% иловапулӣ гирифта тавонистанд. Мақомоти маҳалии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вазъиятро шарҳ намедиҳанд. Телефонҳои Агентӣ, ки дар сомонаи расмии он зикр шудааст, кор намекунанд ё касе дар он ҷо гӯширо намебардорад.

Каср (камбуд)-и буҷети нафақа – 147 млн сомонӣ

Тибқи маълумоти Агентӣ, айни замон шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон зиёда аз 711 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ ба 303 сомонӣ баробар аст.

Ҳаҷми миёнаи нафақаи меҳнатӣ – 363, суғуртавӣ – 271,71 ва иҷтимоӣ – 169,70 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ зикр шуд, ки мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбасти пешакӣ, дар 9 моҳи соли 2020 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 1991,6 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда, ки 2138,6 млн.сомониро ташкил медод, 147,0 млн.сомонӣ кам мебошад.

Қисми хароҷотии буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давраи ҳисоботӣ ба 2116,6 млн.сомонӣ расида, бо мақсади риояи қатъии низоми таъмини моҳ ба моҳи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, 586,5 млн сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷудо карда шудааст.

Бозҳисобӣ (индексатсия)-и асноди нафақавӣ бо мақсади зиёдшавии нафақаҳо ва индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ пурра ва саривақт анҷом дода шуда, шумораи нафақагироне, ки ба зиёдшавӣ ва индексатсия фаро гирифта шуданд, 513047 нафарро ташкил додааст.

Нархҳо боло мераванд, вале ба нафақахӯрон иловапулӣ намедиҳанд…

Дар ҳамин ҳол, нафақахӯрон шикоят мекунанд, ки ба онҳо ҳатто моҳҳои наздик аз нав ҳисобкунии нафақаҳояшонро ваъда намекунанд.

Нафақахӯр аз Душанбе Виктор В. мегӯяд, мақомоти маҳаллии Агентии таъминоти иҷтимоӣ умуман шикояти нафақахӯронро нодида гирифта, телефонҳои Агентӣ кор намекунанд.

“Ба куҷо муроҷиат карданамонро намедонем, маълум нест, ки моҳи оянда нафақаҳоямон аз нав ҳисоб мешавад ё не”, – мегӯяд ӯ.

Яке аз занони нафақахӯр, ки нахост номаш ифшо шавад, шикоят мекунад, ки нафақааш 300 сомонӣ буда, дар шуъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳияи Шоҳмансур ба ҷойи 345 сомонӣ (15% афзоиш) 330 сомонӣ маблағ навиштаанд.

Нафақахӯрон бар ин назаранд, ки бар асари афзоиши нархҳо ба маҳсулот, болоравии “хеле кам”-и ҳаҷми нафақа қариб эҳсос намешавад.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 сентябр маоши кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин ҳаҷми нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 15% зиёд карда шуд.

Дар ҳамин ҳол

Муаллифони раддабандии ҳамасолаи Барномаи озуқавории ҷаҳон (БОҶ) Тоҷикистонро ба сафи 20-гонаи давлатҳо бо арзиши нисбии баландтарини маҳсулоти ғизоӣ шомил кардаанд.

“Он ҷо барои хӯроки нисфирӯзӣ ё шоми начандон серғизо ба ҳисоби миёна 13% аз пули дар як рӯз бадастоварда сарф мешавад. Барои муқоиса: дар Ню-Йорк ин нишондиҳанда ба 0,6% аз даромади якрӯза баробар аст”, – изҳор доштааст роҳбари БОҶ Дэвид Бисли.

Дар гузориши нави СММ низоъҳо, тағйирёбии иқлим, буҳрони иқтисодӣ ва илова бар он, пандемияи Covid-19 аз ҷумлаи сабабҳои камғизоӣ ва гуруснагӣ дар ҷаҳон унвон шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...