Даргирӣ дар Исфара. Изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон: “иғвои марзбонони қирғиз”

Asia-Plus

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз сар задани як даргирии нав, рӯзи якшанбеи 25-уми октябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғд хабар додааст.

Ба гуфтаи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон марзбонони қирғиз ба сӯйи шаҳрвандони мулкии Тоҷикистон тир кушодаанд, ки "хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд".

Маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки "рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд. Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд. Онҳо даъво пеш меоранд, ки  маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд".

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳудудеро, ки сокинони Хоҷаи Аъло ба таъмир кардани лӯлаҳои обгузар машғул буданд қаламрави Тоҷикистон дониста, дахолати марзбонони кишвари ҳамсояро "иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз" ва "мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат" донистааст. 

То кунун ҷониби Қирғизистон дар ин бора изҳори назар накардааст.

Сухангӯйи шаҳрдории Исфара Иқбол Тешаев мегӯяд, ки баъд сар задани ҳодиса намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон хеле зуд ба ҷойи ҳодиса омадаанд. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар пайи ҳодиса неруҳои марзбонии ҳарду кишвар ва намояндаҳои ҳукуматҳои маҳалии ҳаммарз ба гуфтушунид пардохта, "корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд".

Ба гуфтаи сухангӯйи шаҳрдории Исфара "дар натиҷаи корҳои муштаракаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар ду ҷониб як муноқишаи дигар пешгирӣ шуд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...