Шумори қурбониёни заминларза дар Туркия ба 73 нафар расид

Asia-Plus

Шумори фавтидагон аз заминларза дар ғарби Туркия то 73 нафар афзуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости бо истинод ба Агентии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии ин кишвар.

“Тибқи маълумоти ахир, бар асари заминҷунбӣ 73 нафар ҳалок шуда, 961 каси дигар осеб диданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар қимати ғарби Туркия заминларза бо қувваи 6,6 балл рух дод, ки маркази он дар наздикии вилояти Измир воқеъ буд. Дар бораи осеби ҳадди ақал 20 бинову иншоот дар ин ҷо хабар дода шуд.

Заминларза дар ҷазираҳои Юнон низ ба мушоҳида расид. Дар ҷазираи Самоси ин кишвар бар асари он 2 нафар ҳалок шуда, 20 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин ҳодиса ба президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ фиристод.

Дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон зикр шуд, ки мардуми Тоҷикистон аз хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари заминларзаи шадид дар Туркия андӯҳгинанд.

“Дар ин зимн ҳамдардиву тасаллии самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.