Шумори қурбониёни заминларза дар Туркия ба 73 нафар расид

Шумори фавтидагон аз заминларза дар ғарби Туркия то 73 нафар афзуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости бо истинод ба Агентии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии ин кишвар. “Тибқи маълумоти ахир, бар асари заминҷунбӣ 73 нафар ҳалок шуда, 961 каси дигар осеб диданд”, – қайд мешавад дар хабар. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар қимати ғарби Туркия […]

Шумори фавтидагон аз заминларза дар ғарби Туркия то 73 нафар афзуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости бо истинод ба Агентии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии ин кишвар.

“Тибқи маълумоти ахир, бар асари заминҷунбӣ 73 нафар ҳалок шуда, 961 каси дигар осеб диданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар қимати ғарби Туркия заминларза бо қувваи 6,6 балл рух дод, ки маркази он дар наздикии вилояти Измир воқеъ буд. Дар бораи осеби ҳадди ақал 20 бинову иншоот дар ин ҷо хабар дода шуд.

Заминларза дар ҷазираҳои Юнон низ ба мушоҳида расид. Дар ҷазираи Самоси ин кишвар бар асари он 2 нафар ҳалок шуда, 20 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин ҳодиса ба президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ фиристод.

Дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон зикр шуд, ки мардуми Тоҷикистон аз хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари заминларзаи шадид дар Туркия андӯҳгинанд.

“Дар ин зимн ҳамдардиву тасаллии самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.