14 сомониву 50 дирам. Ҷарима барои напардохтани роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки дар он барои пардохт нашудани маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

“Барои пардохт накардани роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ва ноҳия, бепул савор кардани кӯдаки синни аз 5-сола боло, бағочи аз меъёр зиёд, инчунин истифодаи корти бегонаи имтиёзнок ба маблағи чоряки нишондиҳанда барои ҳисоб, ки 14 сомониву 50  (1,5 доллар) дирамро ташкил медиҳад, ҷарима ситонида мешавад”, – гуфта мешавад дар лоиҳаи қонун, ки вакилони парлумон маъқул донистанд.

Маблағи як нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2020 ба 58 сомонӣ баробар аст.

Ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар Маҷлиси намояндагон вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён изҳор дошт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади баланд бардоштани масъулият барои қонуншиканиҳои маъмурии марбут ба қоидаҳои истифода аз воситаҳои нақлиёт таҳия шудааст.

“Қаблан оид ба нақлиёти ҷамъиятӣ моддаи мушаххас набуд. Аз ин рӯ, ба моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (№295, иловаи 1), ки дар он дар бораи қоидаҳои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ва ноҳия сухан меравад, тағйирот ворид шуд.

Яъне, дар моддаи 295 банди “дар таксиҳои хатсайр” боқӣ монда, барои парохт нашудани роҳкиро дар он ба маблағи аз 1 то 2 нишондиҳандаи ҳисоб (58-116 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст. Истифодаи нақлиёти коммуналии мусофирбари шаҳр ва ҷарима барои пардохт нашудани роҳкиро дар он ба моддаи ҷудогона ворид шуда, барои ин маблағи нави ҷарима – чоряки нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар шуд”, – шарҳ доданд ин масъаларо ба “Азия- Плюс” дар парлумон.

Тағйироту иловаҳо пас аз тасдиқи онҳо дар палатаи болоии парлумон, имзо аз ҷониби президент ва нашри расмӣ дар ВАО мавриди амал қарор мегиранд.

Пас аз мавриди амал қароргирифтани тағйироту иловаҳо, мутобиқи моддаҳои №295 ва №295 иловаи 1-и КҲМ ҶТ, барои аз тарафи мусофирон бе пардохти роҳкиро дар нақлиёт сафар кардан, бо худ бурдани кӯдакони аз 5-сола калон ва бори аз меъёр зиёд, чунин ҷаримаҳо таъин шудааст:

– дар қатора (поездҳо)-и хатсайри маҳаллӣ – ба андозаи аз 1 то 2;

– дар қатораҳои хатсайри байналмилалӣ – аз 3 то 5;

– дар ҳавопаймоҳои мусофиркашонии дохилӣ – аз 5 то 7;

– дар ҳавопаймоҳои мусофиркашонии байналмилалӣ – аз 15 то 20;

– дар таксиҳои сайрхат – аз 1 то 2;

– дар нақлиёти мусофиркаши шаҳр ва ноҳия – 4-яки нишондиҳанда;

– дар нақлиёти мусофиркаши коммуналии байнишаҳрӣ –  2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.