Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳӣ натиҷаи таърихӣ дод

Дар Тоҷикистон бори нахуст табибон амалиёти ҷарроҳиеро вобаста ба нуқсони модарзоди сурхрудаи басташудаи кӯдакон анҷом доданд. Ин ҷарроҳӣ дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  анҷом шуд. Дар таърихи тибби муосири тоҷик ин нахустин ҷарроҳии марбут ба нуқсони модарзоди сурхрудаи басташуда мебошад, ки пас аз он кӯдакон зинда монданд. Хабаргузории “Азия Плюс” аз Сайфулло Давлатов, доктори илҳои тиб ва ноиби […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бори нахуст табибон амалиёти ҷарроҳиеро вобаста ба нуқсони модарзоди сурхрудаи басташудаи кӯдакон анҷом доданд. Ин ҷарроҳӣ дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  анҷом шуд. Дар таърихи тибби муосири тоҷик ин нахустин ҷарроҳии марбут ба нуқсони модарзоди сурхрудаи басташуда мебошад, ки пас аз он кӯдакон зинда монданд. Хабаргузории “Азия Плюс” аз Сайфулло Давлатов, доктори илҳои тиб ва ноиби ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ки ин амалиёти ҷарроҳии мушкилро анҷом додааст, аз чигунагии ин кор пурсид.

– То куҷо ин амалиёт як ҷарроҳии мушкил ва нозук аст?

Дар ҳақиқат ин ҷарроҳӣ амалиёти мушкил нест, аммо ҷарроҳии нозук аст. Ба он хотир ҷарроҳии нозук аст, ки то ин муддат дар кишвар техникаи лозиму замонавӣ ва мутахасисони дурусте барои нигоҳубини кӯдак пас аз амалиёт надоштем. Асалан бигирем,  дар Тоҷикистон кӯдакони дорои нуқсони модарзодии сурхрудаи басташударо 30 сол пеш ҳам ҷарроҳӣ мекарданд, аммо ягон кӯдак то ин муддат зинда намемонд.

– Чӣ корҳое бояд сурат бигирад, ки кӯдакон пас аз ин ҷарроҳӣ зинда монанд?

– Барои зинда мондани кӯдакон пас аз ҷарроҳӣ нигоҳубини дуруст ва  шароити махсус лозим аст. Аз ҷумла, ҳуҷраи махсус, дастгоҳҳои махсуси замонавӣ барои нафас додан. Ҳамчунин нигоҳубини махсуси шабонарӯзӣ аз ҷониби духтури ҷарроҳ ва навзодшинос (неонатолог), инчунин ҳамшираҳои шафқате, ки дар ин замина омӯзишҳои махсус дидаанд. Вазорати  тандрустӣ ду сол пеш,  ду маротиба барои  анҷом додани чунин ҷарроҳӣ табибони Маҷмааи “Истиқлол” –ро ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия фиристод, то рафта донишашонро бар пояи технологияи муосири тиббӣ такмил дода биоянд.  Пас аз ин онҳо ин ҷарроҳиро анҷом доданд.

– Аз аввали сол то имрӯз дар Тоҷикистон чанд ҷарроҳӣ анҷом додед?

– Аз аввали соли 2020 то имрӯз байни табибони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  ва беморхонаи “Шифобахш”-и Қарияи Боло ҳамагӣ 20  ҷарроҳӣ анҷом дода шудааст, ки аз ин  кӯдакони ҷарроҳишуда 7 нафари онҳо зинда монданд. Дар мо 30 сол кӯдакони дорои нуқсони модарзоди сурхрӯдаи басташуда зинда намемонданд.  Ин барои мо бисёр рушди калон аст. Феълан дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё кӯдакони аз ин беморӣ ҷарроҳишуда аз 100 нафар 10 ё 15 кӯдак мефавтанд. Аз ҷумла дар Америка 70% кӯдакон зинда мемонанд, дар Русия дар баъзе минтақаҳояш то 60% кӯдакон зинда мемонанд.  Аз ҷумла, дар шаҳри Санкт-Петербург  ва дар маркази ҷарроҳии Маскав то 90% кӯдакон зинда мемонанд.

– Сабабҳои бо чунин нуқс зода шудани кӯдакон чист?

Сабабҳояш ниҳоят зиёд аст, аммо сабаби асосие, ки ба ин касал оворда мерасонад, афсӯс, то ҳол маълум нест.

– Оё бори аввал дар Тоҷикистон ин гуна ҷарроҳӣ бе кумаки духтурони берунӣ гузашт ё ягон мушовир буд?

– Бале, ин ҷарроҳӣ бе ёрии духтурони берунӣ анҷом дода шуд. Ин  ҷарроҳӣ мушкил набуд, ки мутахассисони беруниро даъват кунем. Гуфтам, дар мо 30 сол аст инҷониб ин ҷарроҳӣ анҷом мешавад, вале бори аввал аст, ки пас аз ҷарроҳӣ тифлон намемиранд. Барои мо ин пешрафти калон мебошад.

– Минбаъд ин гуна ҷарроҳиҳо дар Тоҷикистон  бемушкил анҷом дода мешаванд?

– Албатта. Бемории нуқсони модарзоди сурхрудаи басташуда дар ҳолати дар хона таваллуд шудани кӯдак мушкил мешавад. Зеро онҳо дер меоянд,  ҳар қадаре дер оянд, ҳамон қадар эҳтимоли дарсадии  фавт зиёд мешавад. Агар дар таваллудхона ин кӯдакон таваллуд шаванд, дар онҷо мутахасисон ҳастанд, маслиҳатҳо медиҳанд ва  медонанд чӣ кор кунанд. Вақте агар кӯдак бо ин нуқс таваллуд шавад, шир додан мумкин нест, зеро роҳи ҳозима баста аст, шир ба роҳҳои нафас меравад, илтиҳоби шуш пайдо мешавад, ки аз илтиҳоби шуш берун шудан хеле мушкил аст. Дар Тоҷикистон дар  миёни навзодҳо кӯдакони дорои нуқсони модарзоди сурхрудаи басташуда 0,0 ё 1 %-ро ташкил медиҳад.

– Арзиши ин ҷарроҳӣ чӣ қадар аст?

– Дар Тоҷикистон ташхис, табобат ва ҷарроҳии ин беморӣ комилан ройгон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.