Имрӯз дар Афғонистон Мотами миллӣ эълон шуд

Asia-Plus

Ҳукумати Афғонистон имрӯз, сешанбеи 3-уми ноябрро бар пайи ҳамлаи хунини рӯзи гузашта ба Донишгоҳи Кобул рӯзи Мотами миллӣ эълон кардааст. Ба иттилои шабакаи телевизиони “Тулуънеюс”, дар ин ҳамла 19 нафар куштаву 22 тан захмӣ шудааст, ки аксари онҳо донишҷӯёни ин донишгоҳ мебошанд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии ДИИШ ба дӯш гирифтааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон дар саҳфаи Твиттераш навиштааст, ки “ба тамоми вилоятҳо ва намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар берун аз кишвар дастур медиҳад то бар пояи маросимҳои сӯгворӣ ва хатми Қуръони азимушаън азодорӣ намоянд”.

Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ шоми душанбе, дар як суханронии телевизионӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва онро ҷиноят алайҳи башарият номид ва гуфт, "интиқоми ин ҳамларо чанд баробар хоҳем гирифт".

Ӯ дар ин суханронияш гуфт: "Ба Толибон ва ба ҳама гуруҳҳои террористӣ мегӯям, ки шумо бо ин амалҳоятон иродаи мардуми Афғонистонро идора карда наметавонед. Душманони Афғонистон ва ҷонибдорони онҳо бояд бидонанд, ки мо ҳеҷ гоҳ дар баробари ваҳшату золимӣ сар хам накардаем. Ман ба тавоноӣ ва ҷасорати нерӯҳои амниятӣ боварӣ дорам”.

Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, сухангӯи гуруҳи Толибон ин ҳамларо маҳкум карда, даст доштани гуруҳро дар ин ҳамла рад кардааст.

Афроди мусаллаҳ дирӯз, тахминан соати 12 бо вақти маҳаллӣ ба Донишгоҳи Кобул, ба як маросими китоб ҳамла карданд. Даргириҳо миёни муҳоҷимон ва пулис шаш соат идома кардааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар як даҳаи ахир ин дувумин ҳамла ба марказҳои омӯзишӣ дар Кобул аст. Ҳафтаи пеш як муҳоҷими интиҳорӣ ба як маркази омӯзишӣ дар ғарби Кобул ҳамла карда буд, ки дар он ҳодисаи террористӣ 30 тан ҷон бохтаву 80 тани дигар захмӣ шуда буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.