Дарахтони ҷангали атрофи Искандаркӯлро кӣ мебурад?

Экологҳо риоя нашудани меъёрҳои буридани дарахтони ҷангалро дар дараи Арг аз ҷониби Хоҷагии ҷангал ошкор намуданд. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ғайриқонунӣ буридани дарахтон дар дараи Арг воқеъ дар наздикии Искандаркӯл хабар доданд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист қонуншиканиҳоро дар фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал тасдиқ намуд, ки ҳамасола дар доираи чораиниҳои санитарӣ ба буридани дарахтон ва буттаҳои […]

Экологҳо риоя нашудани меъёрҳои буридани дарахтони ҷангалро дар дараи Арг аз ҷониби Хоҷагии ҷангал ошкор намуданд.

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ғайриқонунӣ буридани дарахтон дар дараи Арг воқеъ дар наздикии Искандаркӯл хабар доданд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист қонуншиканиҳоро дар фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал тасдиқ намуд, ки ҳамасола дар доираи чораиниҳои санитарӣ ба буридани дарахтон ва буттаҳои хушкшуда машғул мешуданд.

“Дар баробари растаниҳои хушкшуда дарахтону ниҳолҳои ҷавону навруста низ бурида шудаанд, – хабар доданд дар Раёсати ҳифзи растанӣ ва ҳайвоноти Кумитаи мазкур. – Аз рӯйи ин далел санадҳои дахлдор таҳия гардида, гунаҳкорон ҷарима мешаванд”.

Мувофиқи лоиҳа, дар ин дара ширкати ТАЛКО Голд роҳ сохта, корчаллонҳо бо он ҳезум мекашониданд.

Нахуст экологҳо аз зиён ба низоми экологӣ изҳори нигаронӣ карданд:

“Бо пайдо шудани роҳ онҳо то ба ҷангалҳои аз қадим боқимонда низ расида, онҳоро нобуд карда метавонанд”.

Қобили зикр аст, ки дар қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №790 тартиб ва ҳаҷми ҷуброни зиёни расида ба фонди ҷангал ва дигар иншооти олами ҳайвоноту наботот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда шудааст.

Барои буридани дарахте, ки масоҳати кундааш то 12 сантиметрро ташкил медиҳад, ҷаримабандӣ ба маблағи 2 нишондиҳандаи ҳисоб (имсол он ба 58 сомонӣ баробар аст) ва дар баробари зиёдшавии масоҳат, масалан дарахти масоҳати кундааш зиёда аз 80 сантиметр ҷарима дар ҳаҷми 34 нишондиҳандаи ҳисоб  пешбинӣ шудааст.

Айни замон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ҳаҷми зиёнро ҳисоб мекунад. Яке аз гунаҳкорон Агентии хоҷагии ҷангал дониста мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.