Имрӯз дар Афғонистон Мотами миллӣ эълон шуд

Ҳукумати Афғонистон имрӯз, сешанбеи 3-уми ноябрро бар пайи ҳамлаи хунини рӯзи гузашта ба Донишгоҳи Кобул рӯзи Мотами миллӣ эълон кардааст. Ба иттилои шабакаи телевизиони “Тулуънеюс”, дар ин ҳамла 19 нафар куштаву 22 тан захмӣ шудааст, ки аксари онҳо донишҷӯёни ин донишгоҳ мебошанд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии ДИИШ ба дӯш гирифтааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон дар саҳфаи […]

Ҳукумати Афғонистон имрӯз, сешанбеи 3-уми ноябрро бар пайи ҳамлаи хунини рӯзи гузашта ба Донишгоҳи Кобул рӯзи Мотами миллӣ эълон кардааст. Ба иттилои шабакаи телевизиони “Тулуънеюс”, дар ин ҳамла 19 нафар куштаву 22 тан захмӣ шудааст, ки аксари онҳо донишҷӯёни ин донишгоҳ мебошанд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии ДИИШ ба дӯш гирифтааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон дар саҳфаи Твиттераш навиштааст, ки “ба тамоми вилоятҳо ва намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар берун аз кишвар дастур медиҳад то бар пояи маросимҳои сӯгворӣ ва хатми Қуръони азимушаън азодорӣ намоянд”.

Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ шоми душанбе, дар як суханронии телевизионӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва онро ҷиноят алайҳи башарият номид ва гуфт, "интиқоми ин ҳамларо чанд баробар хоҳем гирифт".

Ӯ дар ин суханронияш гуфт: "Ба Толибон ва ба ҳама гуруҳҳои террористӣ мегӯям, ки шумо бо ин амалҳоятон иродаи мардуми Афғонистонро идора карда наметавонед. Душманони Афғонистон ва ҷонибдорони онҳо бояд бидонанд, ки мо ҳеҷ гоҳ дар баробари ваҳшату золимӣ сар хам накардаем. Ман ба тавоноӣ ва ҷасорати нерӯҳои амниятӣ боварӣ дорам”.

Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, сухангӯи гуруҳи Толибон ин ҳамларо маҳкум карда, даст доштани гуруҳро дар ин ҳамла рад кардааст.

Афроди мусаллаҳ дирӯз, тахминан соати 12 бо вақти маҳаллӣ ба Донишгоҳи Кобул, ба як маросими китоб ҳамла карданд. Даргириҳо миёни муҳоҷимон ва пулис шаш соат идома кардааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар як даҳаи ахир ин дувумин ҳамла ба марказҳои омӯзишӣ дар Кобул аст. Ҳафтаи пеш як муҳоҷими интиҳорӣ ба як маркази омӯзишӣ дар ғарби Кобул ҳамла карда буд, ки дар он ҳодисаи террористӣ 30 тан ҷон бохтаву 80 тани дигар захмӣ шуда буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.