Серияи дуюми веб-сериал дар бораи маъюбон нашр шуд

Чанд рӯз пеш дар паҳнои YouTube серияи дуюми веб-сериал дар бораи шахсони маъюб «ҲАМА БАРОИ ЯК КАС, ЯК КАС БАРОИ ҲАМА»  нашр шуд. Ин серия “Фалак” («Созданная небесами») дар бораи овозхони боистеъдоди дорои нуқси биноӣ ҳикоят мекунад. Дар бораи нашри серияи нав дар саҳифаи лоиҳа дар Facebook хабар дода шуд. Дар серияи нав доир ба […]

Чанд рӯз пеш дар паҳнои YouTube серияи дуюми веб-сериал дар бораи шахсони маъюб «ҲАМА БАРОИ ЯК КАС, ЯК КАС БАРОИ ҲАМА»  нашр шуд. Ин серия “Фалак” («Созданная небесами») дар бораи овозхони боистеъдоди дорои нуқси биноӣ ҳикоят мекунад.

Дар бораи нашри серияи нав дар саҳифаи лоиҳа дар Facebook хабар дода шуд. Дар серияи нав доир ба тақдири ситораи эстрадаи тоҷик – овозхон Матлуба Раҳимова, ки нуқси биноӣ дорад, маълумот дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, духтар ба машқҳо рафта, корҳои рӯзгорро ба сомон мерасонад ва бо мусиқӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки паҳлӯи Матлуба касе нест, ки барои ба кор рафтанаш ба ӯ кумак кунад. Аз ин рӯ, ба қаҳрамони сериал лозим меояд, ки ҳамаи душвориҳоро худаш паси сар кунад.

Дар сериал барои шахсони кару гунг зернавиштаҷот ва шарҳи мутахассис бо ишораҳо вуҷуд дорад.

Бо тақдири қаҳрамонони веб-сериали «ҲАМА БАРОИ ЯК КАС, ЯК КАС БАРОИ ҲАМА» дар шабакаи он дар YouTube метавон шинос шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.