Матлуба Раҳимова овозхони нобинои тоҷик издивоҷ кард

Матлуба Раҳимова, овозхони ҷавони ансамбли давлатии “Фалак” дирӯз ба ҷавони дӯстоштааш, ки ба гуфтаи худ “тамоми умр интизор буд” издивоҷ кард. Дар ин бора Матлуба Раҳимова дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт. Ба гуфтаи ин овозхони 33-сола, издивоҷ бо шавҳараш интихоби худи ӯ буд ва нафаре аз оилаи онҳо ба ин хонадоршавӣ дахолат накарданд. Матлуба аз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Матлуба Раҳимова, овозхони ҷавони ансамбли давлатии “Фалак” дирӯз ба ҷавони дӯстоштааш, ки ба гуфтаи худ “тамоми умр интизор буд” издивоҷ кард. Дар ин бора Матлуба Раҳимова дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт.

Ба гуфтаи ин овозхони 33-сола, издивоҷ бо шавҳараш интихоби худи ӯ буд ва нафаре аз оилаи онҳо ба ин хонадоршавӣ дахолат накарданд. Матлуба аз ифшо намудани номи шавҳар ва ба чӣ кор машғул будани ҳамсафари зиндагияш иттилоъ надод. “Интихоби ман буд. Волидон чизе нагуфтанд ва сади роҳ нашуданд. Шавҳарамро дер боз мешинохтам. Тасмим гирифтем, ки рӯзи 28-09-2020 издивоҷ бикунем. Шавҳарам ҷавони оддӣ аст. Ҳарф задан дар мавриди ҳамсафари зиндагиям бигзор махфӣ бимонад. Ҳоло шахси муҳим дар зиндагим аст”, –  афзуд Матлуба.

Вале як манбаъи “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки ҳамсари Матлуба, барои хонаводаи онҳо ошно буда, ӯ низ модарзод нобино мебошад.

Ин ҳунарманди ҷавон инчунин илова кард, ки бо ҳамсараш дар манзиле, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ дар пойтахт тақдим карда буд, зиндагӣ мекунанд.

 “Ман махсусан аз президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам. Охир, маҳз бо ташаббуси ӯ маро ба пойтахт даъват карданд ва бо манзил таъмин карданд. Ҳоло бо шавҳарам дар ин хона зиндагӣ хоҳем кард. Инчунин аз оилаам барои ёрие, ки ҳамеша мерасонданд ва мерасонанд, хеле миннатдорам. Барои шахси хушбахт будан, шумо бояд оилаи хуб дошта бошед”.

Ба қавли  Матлуба Раҳимова,  ҳар фарде дар дил орзу дорад ва барои амалишавии онҳо талош низ мекунад. Ӯ мегӯяд имрӯз орзуи ҳамешагиаш амалӣ шуд ва умед дорад бо ҳамсафари ҳаёташ то охири умр бо ҳам хушбахту хушрӯз умр ба сар мебаранд.

Матлуба Раҳимова, соли 1987 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Ҳоло дар дастаи давлатии “Фалак”-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекунад.

Матлуба соли 2008-ум дар ҷашни “Фалак” иштирок намуда, маҳз дар ҳамин ҷашнвора ҳунари ӯро президент баҳои баланд дод ва дар пойтахти кишвар барояш манзил тақдим кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.