Вена: Шахсони номаълум роҳгузаронро парронданд

Asia-Plus

Бевақтии шаби 2 ноябр дар 6 мавзеи гуногуни шаҳри Вена шахсони номаълум ба амали террористӣ даст заданд. Ҳамлаҳо дар маркази шаҳр – кӯчаҳои Морсинплас, Залтсгрис, Фляйшмаркт, Бауернмаркт ва Грабен сурат гирифтаанд. Ҳамлаи нахустин дар назди канисаи яҳудиён воқеъ дар Зайтенштеттенгассе анҷом дода шуд, менависад Медуза.

Расман иттилоъ дода шуд, ки дар 6 мавзеи гуногуни маркази Вена тирпарронӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мири шаҳр Михаэл Людвиг, террористон дар кӯчаи Зайтенштеттенгасс бетартибона ба тирпарронӣ оғоз намуда, сипас ба маркази шаҳр ҳаракат кардаанд ва дар роҳ ба сӯи бошандагони қаҳвахонаву тарабхонаҳо, инчунин роҳгузарони тасодуфӣ тирпарронӣ кардаанд.  

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Венаи Австрия афроди номаълуме назди канисаи яҳудиён тирпарронӣ карда, бар асари он 7 тан кушта, чаҳор тани дигар, аз ҷумла як пулис ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои дохилии Австрия тирпаррониро дар назди каниса амали террористӣ унвон кардааст.

“Яке аз ҳамлагарон кушта, як тани дигар пинҳон шудааст. Мақомоти пулис онро меҷӯянд. Пулиси Вена аз "амалиёти бузург" дар маркази шаҳр хабар дод”, – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки мақомот аз сокинони Вена хостаанд, ки муваққатан аз манзилҳояшон берун нарафта, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода накунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.