Вена: Шахсони номаълум роҳгузаронро парронданд

Бевақтии шаби 2 ноябр дар 6 мавзеи гуногуни шаҳри Вена шахсони номаълум ба амали террористӣ даст заданд. Ҳамлаҳо дар маркази шаҳр – кӯчаҳои Морсинплас, Залтсгрис, Фляйшмаркт, Бауернмаркт ва Грабен сурат гирифтаанд. Ҳамлаи нахустин дар назди канисаи яҳудиён воқеъ дар Зайтенштеттенгассе анҷом дода шуд, менависад Медуза. Расман иттилоъ дода шуд, ки дар 6 мавзеи гуногуни маркази […]

Бевақтии шаби 2 ноябр дар 6 мавзеи гуногуни шаҳри Вена шахсони номаълум ба амали террористӣ даст заданд. Ҳамлаҳо дар маркази шаҳр – кӯчаҳои Морсинплас, Залтсгрис, Фляйшмаркт, Бауернмаркт ва Грабен сурат гирифтаанд. Ҳамлаи нахустин дар назди канисаи яҳудиён воқеъ дар Зайтенштеттенгассе анҷом дода шуд, менависад Медуза.

Расман иттилоъ дода шуд, ки дар 6 мавзеи гуногуни маркази Вена тирпарронӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мири шаҳр Михаэл Людвиг, террористон дар кӯчаи Зайтенштеттенгасс бетартибона ба тирпарронӣ оғоз намуда, сипас ба маркази шаҳр ҳаракат кардаанд ва дар роҳ ба сӯи бошандагони қаҳвахонаву тарабхонаҳо, инчунин роҳгузарони тасодуфӣ тирпарронӣ кардаанд.  

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Венаи Австрия афроди номаълуме назди канисаи яҳудиён тирпарронӣ карда, бар асари он 7 тан кушта, чаҳор тани дигар, аз ҷумла як пулис ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои дохилии Австрия тирпаррониро дар назди каниса амали террористӣ унвон кардааст.

“Яке аз ҳамлагарон кушта, як тани дигар пинҳон шудааст. Мақомоти пулис онро меҷӯянд. Пулиси Вена аз "амалиёти бузург" дар маркази шаҳр хабар дод”, – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки мақомот аз сокинони Вена хостаанд, ки муваққатан аз манзилҳояшон берун нарафта, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода накунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.