Бозгашти 150 муҳоҷири тоҷик аз Қазоқистон бо мусоидати СБМ

Бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва диаспораҳо ҳудуди 150 нафар муҳоҷирони тоҷики дар вазъияти душвор қарордошта аз Қазоқистон ба ватан баргардонида шуданд. Бино ба маълумоти намояндагии СБМ дар Осиёи Марказӣ, муҳоҷирони тоҷик рӯзи 1 ноябр тариқи қаларави Ӯзбекистон ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Муҳоҷирон бо 4 автобус тавассути постгоҳи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва диаспораҳо ҳудуди 150 нафар муҳоҷирони тоҷики дар вазъияти душвор қарордошта аз Қазоқистон ба ватан баргардонида шуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии СБМ дар Осиёи Марказӣ, муҳоҷирони тоҷик рӯзи 1 ноябр тариқи қаларави Ӯзбекистон ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Муҳоҷирон бо 4 автобус тавассути постгоҳи назоратии Жибек-Жолаи Қазоқистон ва убури қаламрави вилояти Туркистони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд расонида шуданд.

Созмони байнулмилалии муҳоҷират ба муҳоҷирон барои сабурӣ ва тобоварӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

“Ба сурати умум, дар муқоиса бо аҳолии маҳаллӣ муҳоҷирон дар кишварҳои таъинот нисбатан камтар аз ҷониби ҷомеаҳо дастгирӣ шуда, ба ҳуқуқҳои худ низ дастрасии кам доранд. Онҳо бо хавфи бештар зиёди дучор шудан ба рафтори бераҳмона, истисмор ва мавридҳои хариду фурӯши одамон дар робита ба осебпазирии баландро доранд. Дар дурнамои дарозмуҳлат муҳоҷирон ҳамчунин бо сабаби камшавии ҷойҳои корӣ, дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ва тамғазанӣ ҳам дар кишварҳои хориҷӣ ва ҳам дар зодгоҳашон ба гурӯҳҳои бештар осебпазир мансуб хоҳанд шуд”, – қайд мешавад дар маълумоти Созмон.

Гуфта мешавад, СБМ ният дорад, ки минбаъд низ ба шахсоне, ки ихтиёрӣ ба ватан баргаштанианд, мусоидат намуда, онҳоро аз душвориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба ҳуқуқҳояшон, ки дар робита ба пандемия ба ин ҳолат дучор шудаанд, раҳо созад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.