Хатлон ҳам нақшаи даъвати сарбозонро иҷро кард

Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон хабар додааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии вилоят пурра иҷро шудааст. Маркази матбуотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон аз қавли роҳбарияти комиссариати ҳарбии вилоят навиштааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии вилоят рӯзи 31 октябр 100,1 фоиз иҷро шудааст. “Ҷавонони даъвашуда ба ҷузъу томҳои низомӣ тақсим шудаву қисме, ки давраи таълимии омодагии сарбози ҷавонро гузаштаанд, савганди […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон хабар додааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии вилоят пурра иҷро шудааст. Маркази матбуотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон аз қавли роҳбарияти комиссариати ҳарбии вилоят навиштааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии вилоят рӯзи 31 октябр 100,1 фоиз иҷро шудааст.

“Ҷавонони даъвашуда ба ҷузъу томҳои низомӣ тақсим шудаву қисме, ки давраи таълимии омодагии сарбози ҷавонро гузаштаанд, савганди ҳарби ёд карданд” – овардааст, манбаъ.

Ба гуфтаи ин манбаъ шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Шаҳритус, Муъминобод, Балҷувон, Хуросон, Темурмалик нақшаи баҳории даъват ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр иҷро карда буданд.

Бояд гуфт, ки даъвати тирамоҳӣ ба қавли масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ ва комиссияҳои даъватии назди ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо дар қиёс ба давраҳои даъватии солҳои пеш бе мушкил анҷом ёфт. Ба гуфтаи онҳо имсол сафи ҷавонони хоҳишманд ба хизмат хеле зиёд шудааст.

Имсол ВМКБ дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои 103 %-и нақша ва баъди чанд рӯз гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт низ аз иҷрои он хабар доданд.

Бино ба маълумоти Вазорати дифоъ шаҳри Душанбе низ дар даҳаи аввали имсолаи даъвати сарбозон нақшаро комилан иҷро кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.