БАОР барои дастгирии буҷети Тоҷикистон $50 млн қарз дод

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ба Тоҷикистон ба маблағи 50 млн доллар қарз дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти бонк. Ин маблағ аз Фонди авруосиёии субот ва рушд, ки онро БАОР дар ихтиёр дорад, ҷудо шудааст. Гуфта мешавад, қарз ба муддати то 20 сол бо давраи имтиёзнок ва меъёри сабтшудаи 1%-и солона пешниҳод мегардад. Дар соли аввал […]

Asia-Plus

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ба Тоҷикистон ба маблағи 50 млн доллар қарз дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти бонк. Ин маблағ аз Фонди авруосиёии субот ва рушд, ки онро БАОР дар ихтиёр дорад, ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, қарз ба муддати то 20 сол бо давраи имтиёзнок ва меъёри сабтшудаи 1%-и солона пешниҳод мегардад. Дар соли аввал меъёр бештар имтиёзнок буда, 0,25%-и солонаро ташкил медиҳад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки маблағ ба дастгирии буҷети ҷумҳурӣ дар шароити оқибатҳои манфии пандемия равона мегардад.

“Барномаи ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо таъсири COVID-19 ба иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва молия, ки дар дархосташон барои гирифтани қарз дарҷ ёфтаанд, ба ҷуз тадбирҳо дар самти дастгирии соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ, роҳандозии сиёсати эҳтиёткоронаи макроиқтисодиро бо шумули коҳиши хароҷоти ғайриафзалиятноки буҷет ба нафъи хароҷот ба маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2021, баргузории сиёсати мутавозини пуливу қарзӣ, ки ба ҳавасмандсозии афзоиши иқтисод дар шароити маҳдудияти болоравии нархҳо дар сатҳи на зиёдтар аз нишондиҳандаи мақсаднок ва таъмини устуворӣ дар бахши молия нигаронида шудааст, дар бар мегирад”, – таъкид мешавад дар маълумоти БАОР.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар қатори Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия узви БАОР мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.