Иҷозаи ба Тоҷикистон баргаштани донишҷӯёни ӯзбек

Ба донишҷӯёни ӯзбек, ки дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, барои вуруд ба ҷумҳурӣ ва идомаи таҳсил тариқи постгоҳи назоратии Сариосиёи вилояти Сурхондарё иҷоза дода шуд. Дар ин бора Uznews.uz бо истинод ба ҳокимияти ноҳияи Сариосиё хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар як рӯз то 50 нафар донишҷӯён аз сарҳад гузашта метавонанд. Зимни гузаштан онҳо бояд […]

Asia-Plus

Ба донишҷӯёни ӯзбек, ки дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, барои вуруд ба ҷумҳурӣ ва идомаи таҳсил тариқи постгоҳи назоратии Сариосиёи вилояти Сурхондарё иҷоза дода шуд. Дар ин бора Uznews.uz бо истинод ба ҳокимияти ноҳияи Сариосиё хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар як рӯз то 50 нафар донишҷӯён аз сарҳад гузашта метавонанд. Зимни гузаштан онҳо бояд нусхаи шиноснома, дафтарчаи донишҷӯ ва натиҷаҳои тест аз сироят надоштан аз коронавирус тайи 72 соати охирро пешниҳод намоянд.

“Дар бораи он ки тариқи дигар постгоҳҳои назоратӣ чӣ қадар донишҷӯён ба Тоҷикистон ворид шуда метавонанд, маълумот надорем”, – изҳор доштаанд дар хадамоти матбуоти ҳокимияти ноҳия.

Ӯзбекистон бо чанде аз маҳдудиятҳо сарҳадашро аз 1 октябр боз намуда, сарҳадҳои Тоҷикистон ҳоло бастаанд. Дар ҳамин ҳол, ду моҳ инҷониб соли хониш ҷараён дорад. Донишҷӯёни ӯзбек қаблан шикоят карданд, ки ба Тоҷикистон омада наметавонанд ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба онҳо таҳсили фосилавӣ ҳам пешниҳод накардаанд.

Баъди иҷозаи бозгашт ба донишҷӯёни  Афғонистон ва Ҳиндустон барои идомаи таҳсил, донишҷӯёни ӯзбек низ дархост намуданд, ки ба онҳо ҳам чунин шароит фароҳам оварда шавад.

Зикр гардида буд, ки ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус иҷозаи гузаштан аз сарҳадро медиҳад.

То нашри ин хабар муяссар нашуд, ки бо ситод тамос бигирем. Дар Вазорати маориф ва илм низ ба саволҳо посух дарёфт нашуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба ”Азия-Плюс” баргаштани донишҷӯёни ӯзбекро ба Тоҷикистон барои идомаи таҳсил тасдиқ намуда, лекин аз шарҳи ҷузъиёти ин масъала худдорӣ варзиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.