Иҷозаи бозгашти донишҷӯёни Ҳиндустон ба Тоҷикистон

Тариқи парвозҳои чартерӣ рӯзи 12 октябр як гурӯҳ донишҷӯёни Ҳиндустон, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) таҳсил мекунанд, ба Душанбе баргаштанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ДДТТ хабар доданд, ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо сирояти коронавирус ба бозгашти онҳо иҷоза додааст. Ҳамагӣ 350 нафар донишҷӯёни ҳиндустонӣ ба Душанбе баргаштаанд. Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик боз ҳамин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тариқи парвозҳои чартерӣ рӯзи 12 октябр як гурӯҳ донишҷӯёни Ҳиндустон, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) таҳсил мекунанд, ба Душанбе баргаштанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ДДТТ хабар доданд, ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо сирояти коронавирус ба бозгашти онҳо иҷоза додааст.

Ҳамагӣ 350 нафар донишҷӯёни ҳиндустонӣ ба Душанбе баргаштаанд. Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик боз ҳамин шумор донишҷӯён аз Ҳиндустон барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон бармегарданд.

Ҳамаи донишҷӯёни бозгашта аз коронавирус тест супорида, онҳо дар яке аз хобгоҳҳои ДДТТ ба карантин гирифта шудаанд.

Зикр шуд, ки ҳоло маълум нест, ки дигар донишҷӯёни хориҷии ДДТТ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Покистон, Бангладеш ва Ховари Миёна кай ба Тоҷикистон бармегарданд.

Қобили зикр аст, ки донишҷӯёни хориҷии машғули таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон бинобар сабаби пандемияи коронавирус аввали моҳи апрели соли равон Тоҷикистонро тарк карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.