Сиёсатшиноси қазоқ: “Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ИИАО лоиқи баррасӣ нест”

Сиёсатшиноси қазоқ Марат Шибутов дар мусоҳиба ба хабаргузории «REGNUM» бобати дурамои минбаъд васеъ шудани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ин Иттиҳод “умуман лоиқи баррасӣ нест”. “Ҳозир пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ИИАО маъние надорад. Дар онҳо минтақаи савдои озод бо ИДМ амал мекунад. Ҳамон бозори озоди кор бо сабаби маҳдудиятҳои […]

Asia-Plus

Сиёсатшиноси қазоқ Марат Шибутов дар мусоҳиба ба хабаргузории «REGNUM» бобати дурамои минбаъд васеъ шудани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ин Иттиҳод “умуман лоиқи баррасӣ нест”.

“Ҳозир пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ИИАО маъние надорад. Дар онҳо минтақаи савдои озод бо ИДМ амал мекунад. Ҳамон бозори озоди кор бо сабаби маҳдудиятҳои карантинӣ кор намекунад, ки маҳз ҳамин омил барои одамони одӣ муҳим буда, зуд самараи хуб медод”, – гуфтааст сиёсатшинос.

Дар робита ба сармоягузории Қазоқистон ба ин кишварҳо ӯ қайд кардааст, ки “ба Ӯзбекистон бе ин ҳам он анҷом мегирад, лекин дар Тоҷикистон ҳеҷ ҷойи сармоягузорӣ вуҷуд надорад”.

Шибутов бар ин назар аст, ки аз ҳама имконпазиртар он аст, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ИИАО ба сифати нозирон шомил шаванд.

“Лекин то замоне, ки минтақаи савдои озод бо ИДМ вуҷуд дорад, онҳо намехоҳанд, ки ба ИИАО пайваста, боз уҳдадориҳои зиёдеро ба дӯш бигиранд”, – иброз доштааст номбурда.

Сиёсатшинос ҳамчунин илова кардааст, ки “Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ИИАО умуман лоиқи баррасӣ нест”.

Дар гузориши Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд таҳти унвони “Суди имконпазир ва зиёни Тоҷикистон аз узвият дар ИИАО” омода набудани заминаи ҳуқуқӣ ва мушкилоти иқтисодӣ дар кишвар аз ҷумлаи монеъаҳои асосӣ барои ба ИИАО пайвастани Тоҷикистон унвон шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.