Нурулло Лоиқов президенти Федератсияи дзюдо интихоб шуд

Дар шаҳри Душанбе конференсияи ғайринавбатии ҳисоботию интихобии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор шуда, дар он  Нурулло Лоиқов дубора  президенти ин Федератсия интихоб шуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Нурулло Лоиқовро дар конференсияи ғайринавбатии   ҳисоботию интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи гӯштини дзюдои  Тоҷикистон, аъзои федератсия ва кумитаи иҷроия дар ҳузури намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе конференсияи ғайринавбатии ҳисоботию интихобии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор шуда, дар он  Нурулло Лоиқов дубора  президенти ин Федератсия интихоб шуд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Нурулло Лоиқовро дар конференсияи ғайринавбатии   ҳисоботию интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи гӯштини дзюдои  Тоҷикистон, аъзои федератсия ва кумитаи иҷроия дар ҳузури намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши якдилона аз нав Президенти Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдо интихоб намуданд.

Ҳамчунин дар раванди ҷаласа ноиби якум, ноибон, котиби генералӣ, директори генералӣ, раиси доварон ва Раиси комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки яке аз лоиҳаҳои муҳим, ки амалӣ шуд, “Дзюдо дар мактаб” мебошад. Дар доираи ин лоиҳа 10 мактаби ноҳияҳои дурдасти кишвар бо татами ва либоси варзишӣ таъмин шуданд. Ин имкон дод, ки дар ҳар ноҳия ҳадди ақал 50 наврас ба дзюдо машғул гардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.