Даргузашти журналист Мавлуда Рофиева дар Хуҷанд

Мавлуда Рофиева, рӯзноманигори минтақавии “Азия-Плюс” рӯзи 13 октябр дар беморхонаи клиникии ба номи С.Қутбиддинов дар шаҳри Хуҷанд дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Ин беморхона ба дармонгоҳи муолиҷаи беморони илтиҳоби шуш ва коронавирус мутобиқ гардонида шудааст. Далели марги ӯро дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд тасдиқ намуда, лекин аз ҷузъиёти сабабҳои маргаш маълумот надоданд. Ҳамкорон ва […]

Алия Хамидуллина, Asia-Plus

Мавлуда Рофиева, рӯзноманигори минтақавии “Азия-Плюс” рӯзи 13 октябр дар беморхонаи клиникии ба номи С.Қутбиддинов дар шаҳри Хуҷанд дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Ин беморхона ба дармонгоҳи муолиҷаи беморони илтиҳоби шуш ва коронавирус мутобиқ гардонида шудааст. Далели марги ӯро дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд тасдиқ намуда, лекин аз ҷузъиёти сабабҳои маргаш маълумот надоданд.

Ҳамкорон ва дӯстони ӯ хабар доданд, ки ҳафтае пеш Мавлуда аз сулфа, зукому шамолхӯрӣ ва нотавонии ҷисмаш шикоят дошт. Ӯ дар хона муолиҷа мегирифт, лекин пас аз бад шудани вазъи солимиаш дар бемористон бистарӣ шуд.

Ба гуфтаи ҳамкорон, Мавлуда ба солимии худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекард ва дар шароити пандемия ҳамаи чораҳои пешгириро риоя менамуд.

“Як ҳафта пеш мо бо ӯ телефонӣ суҳбат кардем, – мегӯяд дӯст ва ҳамкорӣ ӯ Муҳаббат Ҷӯраева. – Ӯ изҳор дошт, ки аллакай сиҳат шуда истодааст ва рӯзи душанбе ба кор мебарояд. Лекин воқеа чунин сурат гирифт, ки боиси таассуф аст. Мо натанҳо мутахассиси босаводи кори худу ташкилотчии моҳир, балки як зани ҷасуру ғаюр ва адолатхоҳро аз даст додем. Аз неру ва талошҳое, ки ӯ дошт, ҷавонон бояд сабақ бигиранд”.

Давоми фаъолият ба ҳайси намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ӯ тез-тез барои рӯзноманигорон мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои ҳадафнок баргузор мекард.

Мавлуда Рофиева дар шаҳраки Адрасмон ба дунё омада, дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) зиндагӣ мекард. Волидонаш зодагони деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт мебошанд. Падараш 90-сола буда, ҳамроҳи писараш дар Гулистон умр ба сар мебарад.

Раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон Ориф Бобоҷонов хабар дод, ки барои анҷоми маросими гӯру чӯб оила омадани духтари Мавлударо, ки айни замон дар Маскав иқомат дорад, интизор аст.

Ба гуфтаи пайвандони марҳум, алҳол дар бораи дар куҷо гӯронидани ҷасади рӯзноманигор тасмиме гирифта нашудааст. Маросими гӯронидан зери назорати табибони санитарӣ баргузор мешавад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио