Умарбоев ва Султонов – гаронтарин футболбозони Тоҷикистон

Портали олмонии Transfermarkt рейтинги гаронтарин футбобозони қораи Осиёро ба нашр расонид. Дар даҳгонаи гаронтарин футболбозони Осиё 5 нафар аз Ҷопон, 3 футболбоз аз Корея ва 2 бозингари Эрон зикр шудаанд. Зинаи аввалро ҳамлагари тими “Тоттенхэм”-и Англия Сон Хин Мин ишғол кард, ки 64 млн евро нархгузорӣ шудааст. Миёни футболбозони тоҷик гаронтарин бозингар Парвизҷон Умарбоев дониста […]

Asia-Plus

Портали олмонии Transfermarkt рейтинги гаронтарин футбобозони қораи Осиёро ба нашр расонид.

Дар даҳгонаи гаронтарин футболбозони Осиё 5 нафар аз Ҷопон, 3 футболбоз аз Корея ва 2 бозингари Эрон зикр шудаанд.

Зинаи аввалро ҳамлагари тими “Тоттенхэм”-и Англия Сон Хин Мин ишғол кард, ки 64 млн евро нархгузорӣ шудааст. Миёни футболбозони тоҷик гаронтарин бозингар Парвизҷон Умарбоев дониста шудааст.

Байни футболбозони Тоҷикистон Transfermarkt Парвизҷон Умарбоев ва Муҳаммад Султоновро номбар карда, нархи Парвизчон Умарбоевро 600 ҳазор ва Муҳаммад Султоновро – 500 ҳазор евро муқаррар кардааст.

Парвизҷон Умарбоев дар дастаи “Локомотив” (Пловдив)-и Булғористон бозӣ карда, имсол бо дастааш ба дарёфти Ҷоми футболи ин кишвар ноил гардид ва дар мусобиқаи даври интихобии Лигаи Аврупо бозӣ кард.

Муҳаммад Султонов соли гузашта дар ҳайати дастаи “Ротор” (Волгоград” дар Лигаи якуми футболи Русия бозӣ кард. Дар ин мавсим ӯ ба дарвозаи ҳарифон 9 тӯб равон карда, дар ба Премйер-лига баромадани дастааш саҳми арзанда гузошт. Чанде қабл ӯ ин дастаро тарк карда, ба тими Лгаи якум – “Нижний Новгород” гузашт.

10-гонаи гаронтарин футболбозони қораи Осиё:

1. Сон Хин Мин («Тоттенхэм») – 64 млн евро;

2. Такефуса Кубо («Реал», дар иҷораи «Вилярреал») – 30 млн;

3. Ли Кан Ин («Валенсия») – 20 млн;

4-5. Такехиро Томиясу («Болоня»), – 18 млн;

4-5. Сардор Озмун («Зенит») – 18 млн;

6. Хван Хи Чхан («РБ Лейпсиг») – 15 млн;

7-8. Даити Камада («Айнтрахт») – 12 млн;

7-8. Сея Накадзима («Порту») – 12 млн;

9-10. Такуми Минамино («Ливерпул») – 10 млн;

9-10. Меҳдӣ Тареми («Порту») – 10 млн.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.