Таъсири рӯйдодҳои Қирғизистон ба содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон

Рӯйдодҳо дар Қирғизистон, ки аз рӯзи 5 октябр оғоз гардиданд, ба тиҷорат дар соҳаи хариду фурӯши сабзавоту меваи тамоми минтақа таъсири ҷиддӣ расониданд, хабар медиҳанд коршиносони EastFruit аз Осиёи Марказӣ. Ҳозир мавсими содироти ангуру хурмо, инчунин пиёз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид. Пештар содирот аз Тоҷикистон ба Русия тариқи Қирғизистон ва Қазоқистон (бо сабаби коронавирус […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Рӯйдодҳо дар Қирғизистон, ки аз рӯзи 5 октябр оғоз гардиданд, ба тиҷорат дар соҳаи хариду фурӯши сабзавоту меваи тамоми минтақа таъсири ҷиддӣ расониданд, хабар медиҳанд коршиносони EastFruit аз Осиёи Марказӣ.

Ҳозир мавсими содироти ангуру хурмо, инчунин пиёз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид. Пештар содирот аз Тоҷикистон ба Русия тариқи Қирғизистон ва Қазоқистон (бо сабаби коронавирус ин хатсайрҳо амал мекарданд, лекин баъди эътирозҳо сарҳади Қирғизистон баста шуд) сурат мегириф, акнун содиркунандагони сабзавоту мева маҷбур шудаанд, ки хатсайрҳои навро, аз ҷумла тариқи Ӯзбекистон пайдо кунанд.

“Аммо ин тиҷоратро душвор мегардонад, зеро дар сарҳад ронандагон бояд аз коронавирус тест супорида, натиҷаҳои онро интизор шаванд, – қайд мекунанд коршиносон. – Ин дар навбати худ арзиши боркашонӣ ва хавфи вайроншавии маҳсулотро дар роҳ хеле зиёд мекунад”.

Дар ин робита, ба ақидаи коршиносон, нархи маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла ангуру хурмо дар Тоҷикистон ба гумон аст, ки боло равад, зеро дар ин ҳолат қсмати зиёди маҳсулот ба бозори дохилӣ ворид мешавад.

“Аз ҷониби дигар, яқинан себ қимат мешавад, зеро Тоҷикистон барои истеъмоли дохилӣ себро аз Қирғизистон мехарад”, – қайд мешавад дар хабар.

Мувофиқи омори расмӣ, нисбат ба 8 моҳи соли 2019 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 34,4% кам шуда, ҳамагӣ 25 млн долларро ташкил додааст.

Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи каме бештар аз 5,8 млн доллар молу маҳсулот содирот гардида, аз Қирғизистон ба кишвари мо ба маблағи зиёда аз 19,1 млн доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.