Даргузашти ду духтури дараҷаи олӣ аз “илтиҳоби шуш”

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Рӯзи 4-уми ноябр ҷанозаи мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Садриддин Раҳимовро дар 54-солагӣ ва мудири шуъбаи пизишкии мардони Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтии ин вилоятро дар синни 60-солагияш ба хок супориданд.

Аввалӣ баъди тахмин як моҳи табобат дар беморхона бо иллати оризаҳои “илтиҳоби шуш” ва дувумин дар пайи табобати хонагӣ бар муқобила бо ҳамин беморӣ ҷон бохтанд.

Мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Садриддин Раҳимов оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамроҳи ҳамсараш мудири шӯъбаи амрози занонаи ҳамин беморхона бо нишонаҳои бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда буданд.

Як манбаъ дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфт, ки зану шавҳари духтур рӯзи 12-уми сентябри соли равон бо иллати бемории “илтиҳоби шуш” дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бистарӣ ва 9-уми октябр баъди шифоёбӣ рухсат шуда буданд. Аммо манбаъ афзуд баъди ду рӯзи шифоёбӣ аз “илтиҳоби шуш” Садриддин Раҳимов дар хона дучори сактаи майнаи сар шудааст. Ду рӯз пеш аз марг дуюмин даъфа инсулти майнаи сар хурӯҷ кард ва ҷарроҳи машҳурро бо “оризаҳои илтиҳоби шуш” аз мо рабуд,- мегӯяд манбаъ.

“Садриддин Раҳимов аз оғози пандемияи COVID-19 яке аз духтуроне буд, ки дар “хати сурхи” муқобила бо бемории коронавирус барои табобати беморон талош мекард. Ӯ то ҳатто барои табобати он беморони вазнине даст мезад, ки на ҳама чунин мекунад. Ин духтур пайваста дасти камбизоатонро мегирифт ва то ҳатто дар чанд амалиёти ҷарроҳӣ ба онҳо кӯмаки инсондӯстонаи худро расонидааст. Раҳимов  мутахассиси хуби ҷарроҳии клонсолон буданд”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Садриддин Раҳимов 27-уми ноябри соли 1965 дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино буд.

Соли 1994 ба унвони духтур-ҷарроҳ фаъолияти кориро дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд оғоз намуда, 26 сол дар ҳамин бемористон фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то рӯзи марг мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон, духтури дараҷаи олӣ, Аълочии  соҳаи тандурустӣ ва соҳиби 3 фарзанд буд.

Як рӯз пеш аз марги Мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, Ибодулло Ибодуллоев, мудири шӯъбаи андрологии Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии вилояти Суғд низ дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Яке аз пайвандони ин урологи варзида дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфт, ки давоми ду ҳафтаи ахир дар хонааш бо бемории “илтиҳоби шуш” бистрарӣ ва барои сиҳатёбӣ аз ин беморӣ талош мекард, ки бенатиҷа анҷомид.

“Ибодуллоев дар хонаашон бо бемории “илтиҳоби шуш” табобат гирифтанд, тамоми таҷҳизоти оксигенераторро худашон доштанд, вале бегоҳии 3-юми ноябр аз олам даргузаштанд.”- мегӯяд яке аз пайвандони Ибодуллоев

Исматулло Ибодуллоев 8 майи соли 1960 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 1983 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда буд. Баъдан  ҳамчун пизишки уролог дар Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон ба кор оғоз кардааст. Гуфта мешавад, ки бо талошҳои ӯ дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳуҷраҳои эндоскопӣ ташкил гардида, дар он бемориҳои урологӣ аз қабили варикозселле, касалии узвҳои роҳи пешоб, санги пешобдон, захмҳои санги пешобдон муолиҷа мешуд.

Аз соли 2004 то соли 2010 мудири шуъбаи ҷарроҳии Маркази табобатию солимгардонии “Нур” ва аз соли 2011 то рӯзи марг мудири шуъбаи андрологияи Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии вилояти Суғд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...