Намояндаҳои чор кишвари ОМ дар Душанбе саҳнаи театрии “Пластик”-ро намоиш доданд

Иттилоияи расмӣ

 

Дар Тоҷикистон проблемаҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҷаҳонӣ ва мушкилоти пластик хеле доғ мебошанд. Ҳарчанд Тоҷикистон бо табиати нотакрораш барои ҷаҳониён маъруф аст, аммо дар мавриди милёнҳо халтаву зарфҳои шишагие плостике, ки ҳамасола сӯзондаву партофта мешаванд чораандешие нашудааст.

Сафорати Олмон моҳи октябри соли гузашта лоиҳаи “4-кишвар”-ро татбиқ намуд, ки 80 талабаву омӯзгор аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистонро фаро гирифт.  Дар давоми як ҳафта, онҳо доир ба мавзӯҳои “Иқлим”, “Муҳити зист” ва “Пластик” намоиши театрӣ омода намуданд.

Намоиш дар театри Лӯхтаки Душанбе барои доираи зиёди тамошобинон пешниҳод шуд. Дар доираи намоиш дар мавриди масъалаҳои доғи дигар “Обшавии пиряхҳо“ озмуни беҳтарин овеза низ баргузор гардид.

 

Кишварҳои олам, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нафарони зииёде, ки дар бораи оқибатҳои муҳити атроф нигаронанд, талош доранд истеҳсоли плостикро коҳиш диҳанд ва истифодаи онро дар ҳаёти рӯзмарра оқилонаву сарфакорона кунанд.  

Баъзеи кишварҳо истифода ва ҳатто бо худ гирифта гаштани халтачаҳои пластикиро қатъиян манъ кардаанд. Ҳангоми риоя нашудани ин қоидаву қонун, ҷаримаҳои баланд пешбинӣ шудаанд.

Ин давлатҳо дарк кардаанд, ин гуна тамоюл ба коҳилиро танҳо мешавад бо роҳи ҷарима аз миён бурд. Дар натиҷа вақте як нафар барои коҳилияш ҷарима пардохт мекунад, бори дигар дар бори бо худ гирифтани халтаи харид ҳатман фикр мекунад. 

Оё  шумо низ барои харидорӣ бепакету халтача меравед?

Дар замони мо зиндагиро бидуни пластик тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бале, он дар бахшҳои тиб ва илм нақши асосиро мебозад, вале дар бахшҳои дигар он танҳо барои мусоид буданаш истифода мешавад. Масалан, чаро мо бояд ба мағоза ё бозор бо халтаи харид равем, вақте дар ҳама ҷо барои ҳама халтачаҳои пластикии ройгон пешниҳод карда мешаванд. Илова бар ин, баъди муддати кӯтоҳ шишаҳо ё халтаҳои пластикӣ партофта мешаванд. Ашёи хом ба гунае истифода мешавад, ки гӯё захираи тамомнашаванда дорад.

Моддаҳои кимиёвие, ки барои истеҳсоли истеҳсоли пластик заруранд, умдатан хеле заҳрнок буда, ба ҳаёти ҳама намуди мавҷудоти зиндаи сайёраи мо таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.

Аз ин рӯ, истифодаи ғайриоқилонаи он натиҷаҳои фалокатбор меоварад. Тасаввур кунед, ҳар ҳафта шумо чӣ миқдор хатлатву зарфҳои пластикиро аз фурушгоҳҳои бузург ба хона меоваред.у баъдан онҳоро бурда мепартоед.  Ба хотир оваред, ки модару бибиҳои шумо чӣ гуна бе хаотаҳои пластикӣ харидорӣ мекарданд! Тасаввур намудед?

Қатораи “ғалабаовари” пурзӯри пластик дар раҳи худ ҳама чиро ифлос, заҳрнок ва нобуд месозад: уқёнусҳо, соҳили баҳрҳо, ҷангалҳо, дарёҳо, биёбонҳо ва шаҳрҳо бо масолеҳи пластикӣ пур шудаанд. Аз он ҷо, ки пластик ба заррачаҳои хурд ҷудо мешавад, онро мавҷудоти зинда нафас мекашаду истеъмол мекунад. Ҳатто баъди якчанд садсолаҳо зарраҳои пластик дар муҳити атроф боқӣ мемонанд. Наслҳои оянда, фарзандон, набераю аберагони мо аз оқибати он зарар хоҳанд дид.

Аз он ҷо, ки  ҳеҷ кас намехоҳад аввалин шуда аз  истифодаи халтаву зарфҳои пластикӣ даст кашад, барои ҳамин, корхонаҳо масолеҳи пластикиро ба миқдори зиёд истеҳсол мекунанд, ки ин дар навбати худ ба пайдоиши газҳои гулхонаӣ ва дуоксиди карбон сабаб мешавад.  

Дар ин бора, пеш аз он ки бори дигар барои харидорӣ меравед, фикр кунед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.