Пешниҳоди ВКХ доир ба онлайн-фурӯши билетҳо ба парвозҳои чартерӣ аз Русия

Аз имрӯз билетҳо ба парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон ба фурӯши озод бароварда шуданд. Ин қарор бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус қабул шуд. Ҳамзамон дар робита ба дигар зарурат надоштани таҳияи рӯйхатҳои шаҳрвандон ба парвозҳо, кори комиссияҳои махсус, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав […]

Аз имрӯз билетҳо ба парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон ба фурӯши озод бароварда шуданд. Ин қарор бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус қабул шуд.

Ҳамзамон дар робита ба дигар зарурат надоштани таҳияи рӯйхатҳои шаҳрвандон ба парвозҳо, кори комиссияҳои махсус, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия фаъолият доштанд, боздошта мешаванд, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

“Ҳамватанон аз нуқтаҳои расмии фурӯши билетҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия билет харида метавонанд. Вазорат бо дархости дар фурсатҳои кӯтоҳтарин роҳандозӣ намудани низоми онлайн-фурӯши билетҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат кард”, – қайд мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки нархи билет ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 евро муқаррар шудааст. Парвозҳоро ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск ва Сургут анҷом медиҳад. Билетҳо тариқи нуқтаҳои расмӣ фурӯхта мешаванд.

Ҳамватаноне, ки ба Тоҷикистон бармегарданд бояд бо худ ҳатман маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19-ро дошта бошанд, ки на пештар аз 96 соат (4 шабонарӯз)-и расидан ба Тоҷикистон гирифта шуда бошад.  Кӯдакони то сесола аз доштани ин гуна маълумотнома озоданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.