Коронавирус: содирот дар Суғд 283,2 млн. доллар кам шудааст

Афзал Босолиев, Аsia-Plus

Давоми 9 моҳи соли равон аз вилояти Суғд  содироти меваи хушк, пиёз, нахи пахта, калобаи пахтагин, сурмаву маҳсулоти сурмайӣ аз он афзуда, аммо содироти орд, семент, маҳсулоти филизӣ коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин воридоти воситаҳои нақлиёт, орд, шакар ва маҳсулот аз он  бештар гардидааст.

Тавре ки аз  Сарраёсати Агентии омори назди Президнти ҶТ дар вилояти Суғд, ба “Азия-плюс” иттилоъ доданд, дар 9 моҳи соли равон гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1186,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3 фоиз ё ба андозаи 283,2 млн. доллар камтар аст.

Бино ба иттилои манбаъ дар маҷмӯъ давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи  239  млн. долларро мол содирот шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 18,4 фоиз  кам мебошад.  Кам шудани содирот асосан аз ҳисоби орд – 81,3 фоиз, семент – 17,5 фоиз,  маҳсулоти филизӣ – 18,2 фоиз ба амал омадааст.

Дар робита ба коҳиши содирот дар ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-плюс” гуфтанд, коронавирус, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ба фаъолияти бисёре аз корхонаҳо албатта таъсири манфии  худро гузошт. Аз ин лиҳоз гардиши савдои хориҷӣ, воридоту  содироти бархе аз молу маҳсулот  дар маҷмӯъ коҳиш ёфт.

Наргис Шамсиева намояндаи Вазорати саноат дар вилояти Суғд ба “Азия-плюс” сабабҳои коҳиш ёфтани содироти орду семент ва маҳсулоти маъданиро чунин шарҳ дод:

“Айни замон дар вилояти Суғд беш аз 30 корхонаи орду макарон мавҷуд мебошад, ки аксари онҳо корхона калонтарини ҷумҳурӣ  маҳсуб меёбанд. Ин коргоҳҳо  ғалларо аз кишварҳои хориҷӣ ба  монанди Русияву Қазоқистон ворид карда, дар Тоҷикистон коркард мекунанд, бештар бозори дохилиро таъмин карда истодаанд, ба ҳамин хотир содироти он ба Афғонистон  камтар шудааст. Баъдан аз сабаби тағйир ёфтани нархи семент ва баста шудани сарҳадҳо содироти ин маҳсулот, ки асосан  Ӯзбекистон харидорӣ мекард коҳиш ёфт. Маҳсулоти филизӣ дар давлатҳои  Русияву Аврупо, Чин ва Қазоқистон фиристода мешуд, вале бо сабаби пандемия содироти он низ  коҳиш ёфт” – илова кард манбаъ.

 

Аммо тибқи оморҳои расмӣ содироти  меваи хушк– 24,3 фоиз, пиёз – 30,2 фоиз, меваи тару тоза – 7,6 фоиз, нахи пахта – 21,5 фоиз,  калобаи пахтагин – 86,7 фоиз, сурма ва маҳсулот аз он – 76,3 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  зиёд гардидааст.

Дар ин давра воридоти мол ба вилоят 947,9 млн. долларро ташкил кардааст, ки назар  ба ҳамин давраи соли 2019-ум  19,5 фоиз кам  аст. Поён рафтани воридот аз ҳисоби гандум – 14,6 фоиз, маҳсулоти гуштӣ – 12,6 фоиз,  равғани растанӣ – 33,5 фоиз ба амал омадааст.  Аммо  воридоти воситаҳои нақлиёт –14,4 фоиз, орд– 1,9 фоиз, шакар ва маҳсулот аз он – 6,7 фоиз  зиёд шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати саноат дар ҷумҳурӣ наздики 2,3  корхонаҳои саноатӣ мавҷуд мебошанд, ки аз ин шумора наздики  700-тоашон дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...