Home Сужаҳо .Се.нуқта. Ҳукумати 70 кишвар ҷомеаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дасткорӣ мекунанд

Ҳукумати 70 кишвар ҷомеаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дасткорӣ мекунанд

0
1596
123955182_667568390607884_3452338342736056237_o

Дар саросари ҷаҳон иттилои бардурӯғ ва кӯшишҳои дасткории афкори ҷамъиятӣ аз ҷониби ҳукуматҳо меафзояд.

Ин хулосаи муҳаққиқони Донишгоҳи Оксфорд дар натиҷаи омӯзишҳо аст. Ҳамин тариқ, дар ду соли охир шумораи кишварҳое, ки дар онҳо маъракаҳои дезинформатсионии сиёсӣ гузаронида шудаанд, ба 70 расидааст. Ин шумора нисбат ба соли 2017 ду маротиба зиёд аст. Ба рӯйхати мазкур тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ворид шудаанд.

Facebook ҳамчун шабакаи иҷтимоии №1 барои иттилоии бардурӯғ боқӣ мемонад. Тибқи натиҷаҳои ин гузориш, 56 кишвар ин шабакаи иҷтимоиро барои маъракаҳои тарғиботии худ истифода мебаранд.

Тибқи иттилои муҳаққиқон, аксари талошҳои дезинформатсионии ҳукуматҳо дар дохили кишвар мутамарказонида шудаанд. Танҳо 7 кишвар кӯшиш мекунанд, ки ба афкори ҷомеаи берун аз марзҳои худ таъсир расонанд. Ба ин дохил мешаванд: Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ ва Венесуэла.

Дар солҳои охир, ҳукумати кишварҳои гуногун барои шаклдиҳии афкори ҷамъиятӣ "нерӯҳои киберӣ" – ро истифода кардаанд, аз ҷумла шабакаи ботҳо барои тақвияти паёмҳо, гуруҳи “троллҳо” барои таъқиби мухолифони сиёсӣ ё рӯзноманигорон ва инчунин аккаунтҳои зиёди фейкии шабакаҳои иҷтимоӣ.

Мувофиқи гуфтаи Филип Н. Ҳовард, директори Интернет-институти Оксфорд, маъракаҳои дезинформатсияи онлайниро дигар кори "хакерони танҳо, фаъолони инфиродӣ ё наврасони дар таҳхона буда" ҳисобидан ғалат аст.

"Дар ин фаъолият як касбияти нав пайдо шудааст: ташкилотҳои расмӣ аз нақшаҳои кироя, яъне мукофотпулӣ барои кор ва маъмуронро истифода мебаранд",- мегӯяд ӯ.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here