Ҳукумати 70 кишвар ҷомеаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дасткорӣ мекунанд

Дар саросари ҷаҳон иттилои бардурӯғ ва кӯшишҳои дасткории афкори ҷамъиятӣ аз ҷониби ҳукуматҳо меафзояд. Ин хулосаи муҳаққиқони Донишгоҳи Оксфорд дар натиҷаи омӯзишҳо аст. Ҳамин тариқ, дар ду соли охир шумораи кишварҳое, ки дар онҳо маъракаҳои дезинформатсионии сиёсӣ гузаронида шудаанд, ба 70 расидааст. Ин шумора нисбат ба соли 2017 ду маротиба зиёд аст. Ба рӯйхати мазкур […]

"Се нуқта"

Дар саросари ҷаҳон иттилои бардурӯғ ва кӯшишҳои дасткории афкори ҷамъиятӣ аз ҷониби ҳукуматҳо меафзояд.

Ин хулосаи муҳаққиқони Донишгоҳи Оксфорд дар натиҷаи омӯзишҳо аст. Ҳамин тариқ, дар ду соли охир шумораи кишварҳое, ки дар онҳо маъракаҳои дезинформатсионии сиёсӣ гузаронида шудаанд, ба 70 расидааст. Ин шумора нисбат ба соли 2017 ду маротиба зиёд аст. Ба рӯйхати мазкур тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ворид шудаанд.

Facebook ҳамчун шабакаи иҷтимоии №1 барои иттилоии бардурӯғ боқӣ мемонад. Тибқи натиҷаҳои ин гузориш, 56 кишвар ин шабакаи иҷтимоиро барои маъракаҳои тарғиботии худ истифода мебаранд.

Тибқи иттилои муҳаққиқон, аксари талошҳои дезинформатсионии ҳукуматҳо дар дохили кишвар мутамарказонида шудаанд. Танҳо 7 кишвар кӯшиш мекунанд, ки ба афкори ҷомеаи берун аз марзҳои худ таъсир расонанд. Ба ин дохил мешаванд: Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ ва Венесуэла.

Дар солҳои охир, ҳукумати кишварҳои гуногун барои шаклдиҳии афкори ҷамъиятӣ "нерӯҳои киберӣ" – ро истифода кардаанд, аз ҷумла шабакаи ботҳо барои тақвияти паёмҳо, гуруҳи “троллҳо” барои таъқиби мухолифони сиёсӣ ё рӯзноманигорон ва инчунин аккаунтҳои зиёди фейкии шабакаҳои иҷтимоӣ.

Мувофиқи гуфтаи Филип Н. Ҳовард, директори Интернет-институти Оксфорд, маъракаҳои дезинформатсияи онлайниро дигар кори "хакерони танҳо, фаъолони инфиродӣ ё наврасони дар таҳхона буда" ҳисобидан ғалат аст.

"Дар ин фаъолият як касбияти нав пайдо шудааст: ташкилотҳои расмӣ аз нақшаҳои кироя, яъне мукофотпулӣ барои кор ва маъмуронро истифода мебаранд",- мегӯяд ӯ.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.