Ӯзбекистон ба парвозҳои мустақими ширкатҳои Русия иҷоза дод

Asia-Plus

Баъзе ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳои мунтазам ба Ӯзбекистон иҷоза гирифтанд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Фергана” бо истинод ба фармони Росавиатсия, шарҳ дода мешавад, ки додани иҷозатнома ба ширкатҳо барои барқарор кардани парвозҳо бо хатсайрҳои байнулмилалӣ қарор ё асос шуда наметавонад.

Иҷозатнома ҳуқуқи ширкат мебошад, ки зимни барқарор шудани парвозҳо аз он истифода бурда метавонад.

Тавре аз замима ба фармон бармеояд, минбаъд бо чунин хатсайрҳо боз парвозҳо сурат гирифта метавонанд: Новосибирск — Бухоро, Екатеринбург — Бухоро, Краснодар — Қаршӣ, Москва — Навоӣ, Санкт-Петербург — Нуқус, Екатеринбург — Ургенҷ, Санкт-Петербург — Ургенҷ.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш Тоҷикистону Русия дурнамои барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин ташкили парвозҳои чартериро баррасӣ намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод, зимни мулоқот тариқи онлайн масоили барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия, роҳандозии парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳо барои ба ватан бурдани ҳамватанон аз ҳар ду тараф баррасӣ шуданд.

“Ҷониби Тоҷикистон ба барқарор кардани алоқаи ҳавоии мунтазам изҳори омодагӣ кард. Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус дар бораи барқарор намудани парвозҳо қарор қабул кард. Ҷониби Русия низ омода аст, лекин тасмими Ситоди фаврии худро оид ба коронавирус дар мавриди ин масъала интизор аст. Ин масъала байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дорад”, – хабар дод Субҳонзода.

Зикр шуд, ки ҳамчунин ҷонибҳо тартиби додани иҷозатнома барои иҷрои парвозҳоро ба ширкатҳои ҳавопаймоии аз ҳар ду ҷониб таъиншуда мувофиқа карданд.

Ёдрас мекунем, ки алоқаи ҳавоии мунтазам байни Тоҷикистону Русия охири моҳи март бар асари пандемияи коронавирус қатъ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...