Раиси Бонки миллӣ нав шуд: Ҳоким Холиқзода

Asia-Plus

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо як фармони Президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Дар фармони раисҷумҳур гуфта мешавад, ки "Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад". 

Дар баробари раиси Бонки миллӣ муовинон ва бархе раҳбарони бонкҳои дигар низ барканору таъин шудаанд.

Дафтари матбуоти Президент дар шарҳи ин тағйирот гуфтааст, ки "имрӯз ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Бонки миллии Тоҷикистон, корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва сохторҳои дигар таъин гардида, аксарият кадрҳои ҷавону болаёқат буда, дар баробари таҷрибаи корӣ, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва малакаи роҳбарӣ, донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд".

Ба ҷойи Нурмуҳаммадзода Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки то ин вақт муовини раиси Бонки миллӣ буд таъин шудааст. Ҳамчунин Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллӣ озод шудаааст.

Қудратзода Давлат низ аз вазифаи раиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъин шудааст.

Ба вазифаи раиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода таъин шудааст, ки то ин вақт раиси ин ниҳод буд.

Ҳайдар Одиназода аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба далели расидан ба синни бознишастагӣ озод шудааст. 

Қурбонзода Маҳмадалӣ ба ҷойи Ҳамидуллохон Фақеров ректори Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон шудааст. Қурбонзода то ин вақт директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе буд. Далели барканории Ҳамидуллохон Фақеров ҳам гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.

Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Ғарибшозода Азизшо Қиматшо муовини якум ва Муҳиддинзода Шуҳрат Фаридун муовини раиси Раёсати корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъин гардиданд.

Нусратулло Мусозода муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...