Бонки ҷаҳонӣ сабаби асосии хушкшавии баҳри Аралро номбар кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз ҷониби як қатор ниҳодҳои байнулмилалӣ Озмуни байнулмилалии технологияҳои пешрафта 2021: барқарор намудани заминҳо дар минтақаи баҳри Арал эълон шуд.

Бонки ҷаҳонӣ, Форуми глобалии ландшафтҳо (намуди сатҳи замин), Донишгоҳи Қазоқистону Олмон (DKU), инчунин Plug and Play (P&P) ба қабули аризаҳо (дархостҳо) аз ҳамаи навоварони саросари дунё барои иштирок дар ин озмун оғоз мекунанд.

Озмун бо дастгирии Барномаи обиву энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ (CAWEP) гузаронида шуда, ба амалисозии Барномаи осиёимарказии Бонки ҷаҳонӣ оид ба таъмини устувории манзараи сатҳи замин (ландшафт) RESILAND CA+ мусоидат менамояд.

Дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки то соли 1960 аз лиҳози андоза баҳри Арал чорумин дар ҷаҳон дониста мешуд.

“Аммо бар асари истифодаи қариб 30-солаи захоири обии он барои парвариши зироати кишоварзии сероб, аз қабили пахта ва шолӣ он қариб нест шудааст. Ин ба оқибатҳои фалокатбор барои муҳити зист ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ боис гардида, инчунин ба сатҳи некӯаҳволӣ ва вазъи солимии миллионҳо нафар мардуми маскуни ин минтақа таъсири манфӣ расонид”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, Ӯзбекистону Қазоқистон аз биёбоншавӣ ва пастшавии сифатнокии хоки заминҳо осеб мебинанд. Оқибатҳои фалокатбори Арал ба ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, чорводорӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ таъсир мерасонад. Биёбони Аралқум, ки дар майдони 5,5 млн гектари қаъри пешинаи баҳр ба вуҷуд омада, қаламрави ҳар ду кишварро фаро мегирад, ба ин ҷараён ба таври назаррас суръат бахшид.

Ташкилотҳои дар боло зикршуда бар ин назаранд, ки озмуни эълоншуда ба ҷалби қарорҳои навоваронаи пешрафта, ки барои сабуксозии оқибатҳои манфӣ ба низомҳои экологии маҳаллӣ дар минтақаи баҳри Арал истифода мешаванд, инчунин қабули қарорҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди заминҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ қаблан чандин маротиба изҳор доштанд, ки хатари асосӣ барои баҳри Арал дар ҷузъ ва барои экологияи минтақа дар умум, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооб мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...