Фелдшери ҷӯраи президент соҳиби манзил шуд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Фелдшер ё худ корманди миёнаи тиббӣ Муҳаммад Ҳисайнов, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббӣ ба ӯ ҷиҳати таъмин бо манзил ва идомаи таҳсилаш кумак ваъда карда буд, соҳиби хона шуд. Ӯ ҳоло бо оилааш ба хонаи нав кӯчидааст.

Манзили нави Муҳаммад дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт, каме дуртар аз бинои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ воқеъ аст.

“Хеле хурсандам, ки бо дастгирии президент ба орзуям – соҳиби манзили шахсӣ шудан расидам. Аз ҳама беҳад миннатдорам!”, – гуфт Муҳаммад ба “Азия-Плюс”.

Қаблан Муҳаммад Ҳисайнов дар мавзеи теппаҳои ноҳияи Шоҳмансур, дар хонаи навъи барак, ки худ дар он ҳуҷрае сохта буд, зиндагӣ мекард.

“Оилаам ба ҳамаи касоне, ки ба мо кумак карданд, изҳори миннатдорӣ мекунад. Мутассифона, падарам бо мо нестанд, он кас дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳалок шуданд. Фикр мекунам, ки ҳозир бо ман ифтихор мекарданд”, – изҳор дошт Муҳаммад.

Ёдрас мекунем, ки фелдшери 31-сола замони оғози эпидемияи коронавирус дар Тоҷикистон навори видеоии муроҷиат ба ҳамкасбонро аз беморхонаи Душанбе нашр кард. Дар он ӯ табибони ҷавонро, ки аз беморӣ тарсида, рӯ ба гурез оварда буданд, сарзанишу маломат карда, аз табибони пиронсол, ки шабу рӯз беморхонаро тарк накарда, ҳаёти одамонро наҷот медоданд, ситоишу миннатпазирӣ кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббии ҷумҳурӣ аз ин навори видео ёдовар шуда, бо ӯ шахсан суҳбат кард  ва дастур дод, ки ба табиб ҷиҳати таъмин бо манзил ва идомаи таҳсил кумак кунанд.

Охири моҳи сентябр Муҳаммад Ҳисайнов инчунин ба таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ шурӯъ намуд.

Мусоҳиба бо Муҳаммад бо забони русӣ бо ин суроға ва мусоҳибаи видеоии ӯ бо забони тоҷикӣ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...