Дар Суғд хушунат нисбат ба мардон зиёд шудааст

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Ба як созмони ҷамъиятие, ки бо қурбониёни хушунат дар вилояти Суғд кор мекунад, дар як соли ахир шикояти мардон аз хушунатҳои хонаводагӣ зиёд шудааст.

Масъулони ин марказ мегӯянд, ки “агар соле пеш 58 мард бо сабабҳои гуногун  муроҷиат карда бошанд, имсол ин шумора ба 95 нафар расидааст. Дар байни ин  мардон  гирифторони хушунати хонаводагӣ ҳам ҳастанд”.

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд ҳам ба “Азия-плюс” гуфтанд, ки “дар давоми 10 соҳи соли равон 1350 ариза  вобаста ба  зӯроварӣ ва хушунат дар оила ворид  шудааст, ки нисбати соли гузашта камтар мебошад. Соле қабл дар ин давра 1449 муроҷиати шаҳрвадон  ба қайд гирифта шуда  буд.

Аммо соли ҷорӣ муроҷиати мардоне ки ба хушунат гирифтор гардидаанд, бештар шудааст. Аар соли 2019  182 ҳолати зӯроварӣ ва хушунат нисбати мардон ба қайд гирифта шуда  бошад, имсол он ба 191 ҳолат баробар гардидааст”. 

Ҳарчанд РВКД Суғд аз камшавии мавридҳои хушунат мегӯяд, аммо масъулони Маркази заноне, ки бо қурбониёни хушунат кор мекунанд,  мегӯянд, ки муроҷиати сокинон дар замони ҳамагирии коронавирус ба онҳо зиёд шудааст. Давоми 10 моҳи соли равон ба ин марказ 1805 нафар муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 нафар зиёд мебошад.

Ин марказ асосан бо  онҳое  кор мекунад, ки яккаву танҳо монда, ба хушунат ва зӯроварӣ дар оила гирифтор шудаанд.

Муовини раиси ин марказ сабаби бештар шудани муроҷиати сокинонро ба ҳамагирӣ рабт медиҳад.

“Тавассути телефони боварӣ   ва мусоҳибаи рӯ ба рӯ муроҷиати шаҳрвандонро қабул мекунем ва то ҳадди имкон ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида, маслиҳатҳои ҳуқуқиву равонӣ  медиҳем. Дар ҳолатҳои зарурӣ  муроҷиаткунандагонро  муваққатан дар паноҳгоҳи марказ ҷой медиҳем”.  

Акбар Шарифӣ, сардори Дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд ба “Азия плюс“ изҳор дошт, ки  барои пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо ва дар доираи ислоҳоти милиса дар ин самт корҳо пурзӯр карда шудааст.

“Дар доираи ислоҳоти милитсия дар якчанд шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Панҷакент ва Исфара  нозири кор дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ташкил карда шудааст, ки  онҳо  бо аҳолӣ  кор мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар маҷмӯъ сабти ҳолатҳои зӯроварӣ ва хушунат  дар оила дар Суғд  коҳиш ёфта истодааст”, – илова кард Акбар Шарифӣ

Ҳамасола дар вилоят аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр  аксияи 16-рӯзи мубориза бар зидди  хушунат ва зӯроварӣ гузаронида мешавад, ки дар доираи он  ҳар гуна чорабиниҳо   баргузор мегарданд. Масъулин ин корро як  роҳи пешгирии  зӯргӯйӣ ва хушунат дар оила арзёбӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...