Боришот аз меъёр зиёд. Обуҳавои Тоҷикистон моҳи декабр чӣ гуна мешавад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тибқи пешгӯйии обуҳавошиносон, моҳи декабр боришоти борону барф нисбат ба давраи маъмулӣ зиёд шуда, лекин ҳарорат 1 дараҷа баланд мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, охири моҳ сардӣ дар назар аст.

Душанбе, Хатлон, водии Ҳисор

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 0,5-1,50 баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 4+70 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 2+40 гарм мешавад.

Дар даҳрӯзаи аввал ва дуюми моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+180 гарм, дар доманакӯҳҳо 9+140 гарм, дар водиҳо шабона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта аз 4+90 гарм то -3+20, дар доманакӯҳҳо шабона аз -3+20 то 2-70 хунук мешавад.

Дар даҳрӯзаи сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо рӯзона то 7+120 гарм, шабона то 0-50 хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 1+60 гарм, шабона 3-80 хунук мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳида бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо то 2+70 гарм, шабона то 4-90 хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона -3+20, шабона 7-120 хунук мешавад.

Ба амал омадани боришот (борон, барф) зуд-зуд дар назар дошта мешавад. Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо (меъёр 32-66мм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ  18-22мм), дар доманакӯҳҳо (меъёр 77-92мм)-ро ташкил медиҳад.

Дар рӯзҳои алоҳида эҳтимолияти вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 18-23м/с дар назар буда, туман мефарояд.

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ноҳияҳои водигӣ аз меъёри иқлимӣ 0,5-10 баланд, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 2+50 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 3-50 хунук мешавад.

Дар давоми моҳ ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, дар водиҳо шабона аз 0-50 хунук то 1+60 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 3-80 хунук то 9-140 хунук, дар водиҳо рӯзона аз 1+60 гарм то 8+130 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз -4+10 то 2+70 гарм мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳидаи бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо рӯзона то -2+30, шабона 7-120 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2-70 хунук, шабона 13-180 хунук мешавад.

Ба амал омадани боришот (борон, барф) зуд-зуд дар назар дошта мешавад. Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ 15-35мм, дар ноҳияҳо кӯҳӣ 10-22мм-ро ташкил медиҳад.

Дар рӯзҳои алоҳида эҳтимолияти вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 18-23м/с дар назар буда, туман мефарояд.

Рашт ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 10 баланд пешгӯӣ шуда, 1-50 хунук мешавад.

Дар давоми моҳ ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, шабона аз 2-70 хунук то 9-140 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 13-180  хунук, рӯзона аз 2+70 гарм то 1-60 хунук мешавад.

Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад: дар ғарби ВМКБ (меъёр 6-30мм, дар баъзе ноҳияҳо 52мм), дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ меъёр (37-72мм).

Шарқи ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-20 паст пешгӯӣ шуда, 16-210 хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 14-190 хунук то 23-280 хунук, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати шабонаи ҳаво паст шуда то 31-360 хунук, рӯзона аз 4-90 хунук то 9-140 хунук, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда то 13-180 хунук мешавад.

Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ мешавад (меъёр 4-12мм).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...